Обидҷон Маҳмудзода
Обидҷон Бекназар Маҳмудзода (тав. 26.05.1988, н. Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ) — адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2017). Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2018) ва соли 2019 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ.
Обидҷон Бекназар Маҳмудзода | |
Таърихи таваллуд | 26 май 1988 (36 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳамадонӣ, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2018) ва соли 2019 бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ . |
Зиндагинома
вироишОбидҷон Маҳмудзода хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (2011), солҳои 2011-2014 аспиранти 377 кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2011-2020 ассистент ва омӯзгори калони ҳамин кафедра, аз соли 2014 то ҳол сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба ҳайси ҳамкор дар кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият менамояд. Соли 2017 дар мавзуи «Рӯзгор ва осори Имлои Бухороӣ» дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.
Осор
вироиш- Ғоя ва образҳои марказии достони «Комде ва Мудан»-и Мирзо Бедил. Д., 2012;
- Рӯзгор ва осори Имлои Бухороӣ. Д., 2017;
- Жизнь и творчество Имло Бухорои. Д., 2018.
Ҷоизаҳо
вироишҶоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2019) Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018)