Обид Шакурзода (Обидҷон Шакуров; 3 феврали 1956, Худгифи Соя, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, пажӯҳишгар ва донишманди тоҷик. Муҳаррири пешбари Энсиклопедияи миллии тоҷик.

Обид Шакурзода
Обидҷон Шакуров
Обид Шакурзода, сурат аз саҳифаи фейсбукии ӯ.
Обид Шакурзода, сурат аз саҳифаи фейсбукии ӯ.
Таърихи таваллуд 3 феврал 1956(1956-02-03) (68 сол)
Зодгоҳ Худгифи Соя, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Радиои Озодӣ/Аврупои Озод (1995-2001),
Ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» (2003-2006),
Созмони мустақили «Рӯзноманигорони озод ва дифоъ аз ошкорбаёнӣ» (2006-2010),
СИ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (аз соли 2011)
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978)
Вебгоҳ facebook.com/obid.shakur…

Зиндагинома

вироиш

Обид Шакурзода 3 феврали соли 1956 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи 10-и ноҳия таҳсил карда, ҳамзамон бо адабиёти пурғановати форсу тоҷик, бахусус «Бӯстон»-у «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз тавассути волидонаш ошно шудааст[1]. Соли 1978 бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Аввалин очерку хабару гузоришҳояш дар нашрияи ноҳиявии «Машъал», рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва Маданият» солҳое интишор ёфтаанд, ки дар мактаби миёна таҳсил мекард.

То ҳол касоне, ки намоишҳои солҳои 80 ва аввали 90 асри гузаштаи телевизиони тоҷикро ёд доранд, ба барномаҳое чун «Оҳанги зиндагӣ», «Рангоранг», «Ҷаҳоннамо» ишора мекунанд, ки Обид Шакурзода якҷо бо журналистони маъруфи он замон, мисли Бобоҷон Икромов таҳия мекард ва онҳо аз пурбинандатарин барномаҳои телевизионикишвар буданд.

Обид Шакурзода оиладор ва соҳиби чор фарзанд, ду писар ва ду духтар мебошад.

Корнома

вироиш

Фаъолияти кории худро аз мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз намуда, муддати ду сол дар ин айём ба кори тарҷумонӣ дар Кумитаи Марказии комсомол ҷалб шуда ва маъмурияте ба Афғонистон ҳам доштааст.

Аз соли1985 то 1989 муҳаррири Кумитаи радио ва телевизион, солҳои 1989-1990 муовини сардабири ҳафтаномаи «Ойинаи зиндагӣ», ҳудудан се соли дигар (1990-1992) хабарнигори Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНО) дар Душанбе буд. Баъдан, шаш сол, то соли 2001 дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех зиста, хабарнигори радиои Озодӣ/Аврупои Озод буд.

Баъди бозгашт то соли 2006 муҳаррири масъули ҳафтномаи «Нерӯи сухан» ва аз соли 2006 то 2010 котиби масъули Созмони мустақили «Рӯзноманигорони озод ва дифоъ аз ошкорбаёнӣ» буд.

Аз соли 2011 то ин дам муҳаррири пешбари редаксияи забон, адабиёт ва фолклори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аст[2].

Таълифот

вироиш

Ба таҳияи матни классикӣ охири солҳои 80-и асри гузашта пардохт ва бори аввал «Қассас-ул-анбиё» бо талоши ӯ аз хати форсӣ ба срилик баргардон ва дар маҷаллаи «Фарҳанг» чоп шуд.

Муддати якуним соле, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон зист бо Доиратулмаорифи Адаби Форсӣ(таҳти сарпарсатии доктор Ҳасани Анӯша) ҳамкорӣ намуда, пиромуни адабиёти форсии Мовароуннаҳр чандин мақола ба табъ расонид. Ҳамчунин ду китоб – «Қуръон ва табиъат. Гузашта ва ояндаи ҷаҳон аз нигоҳи Қуръон» (навиштаи Беозори Шерозӣ) ва «Ҳиҷоб. Масоили Ҳиҷоб» (асари Муртазо Муттаҳаррӣ)-ро ба хати срилик баргардонид, ки дар Теҳрон мунташир ва ба хонандагони тоҷик дастрас шуданд.

Обид Шакурзода ба тарҷумонӣ низ дасти расо дорад, як силсила ҳикояҳои нависандаи маъруфи рус Антон Чеховро баргардон ва дар матбуоти кишвар мунташир кардааст. Умдатарин кори тарҷумонияш китоби «Сайри олами шоҳмот» (аз русӣ, муаллифон Ю. Авербах ва М. Сейлин) мебошад, ки соли 1991 тавассути интишори «Адиб» мунташир шудааст ва зимнан таҳриру такмили дубораи ин асар бо номи «Сайре дар қаламрави шатранҷ» акнун аз сӯи интишороти «Маориф» дар дасти чоп аст.

Обид Шакурзода пиромуни забони форсии тоҷикӣ, масоили мубрами забон ва адабиёти тоҷик чандин баррасиҳо низ дорад, ки дар матбуоти тоҷик чоп шудаанд. Аммо кори арзишмандтарини ӯ таснифи китоби «Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ» аст, ки соли 2014 онро интишороти «Адиб» ба зевари чоп кашид. «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, бинобар баррасиҳои донишмандон, нахустин асарест, ки аз ҷониби Шакурзода ба таври мукаммал, бо шарҳу тавзеҳот ва бар пояи охирин шарҳҳои Саъдипажӯҳони маъруф ба хонандагони форсигӯйи Варорӯд пешкаш шудааст.

  1. Обид Шакурзода. Шарҳи «Гулистон»-и Саъдӣ. – Душанбе:  Адиб, 2014, – 540 с. – ISBN 978-99947-2-283-6, – саҳ. 4.
  2. Зодрӯзи муаллифи шарҳи “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 3 феврали 2023 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш