Обхезӣ — натиҷаи бо сабабҳои гуногун зиёд шудани оби рӯдхона, дарёча ё дарё ва зери об мондани маҳал.

Обхезии рӯдхона дар натиҷаи об шудани барфу яхҳо ва инчунин боршоти зиёд ба вуҷуд меояд. Обхезӣ беҳтар ҳангоми дар маҷрои рӯдхона ҷамъ шуда мондани ях ё пеши роҳи обро гирифтани яхпораи калон ва ғайра ба амал меояд.

Обхезӣ бисёр вақт дар натиҷаи тӯфон, ки оби баҳрро ба тарафи соҳил меоварад ва аз ҳисоби нигоҳ дошта шудани оби резишгоҳи дарё низ ба амал мео­яд. Ин гуна Обхезӣ дар Ленинград (1824, 1924), Ҳолланд (1952) ба вуҷуд омада буд. Дар соҳилҳои баҳр ва ҷазираҳо Обхезӣ дар натиҷаи заминҷунбӣ ё оташфишонии вулқонҳо дар уьёнус рӯй медиҳад.

Чунин Обхезӣ бештар дар соҳилҳои Япония ва дигар ҷазираҳои уқёнуси Ором зуд-зуд ба амал меояд. Ғайр аз ин. Обхезӣ ҳангоми канда шудани дарғот, дамбаҳои муҳофиз ҳам ба вуҷуд меояд. Обхезӣ дар дарёҳои Европаи Ғарбӣ (Дунай, Сена, По ва ғайра) ва инчунин дар дарёҳои Янс­зи ва Хуанхеи Хитой, Миссисипӣ ва Огайои ШМА дида мешавад. Дар СССР Обхезӣ дар дарёҳои Днепр (1931) ва Волга (1908, 1926) мушоҳида шуда­аст.

Усули беҳтарини муборизаи зидди обхезӣ танзими ҷараёни оби рӯдхонаҳо бо роҳи сохтани обанборҳост.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш