Обшӯрон (нимҷазира)
Обшӯрон[1], Апшерон — нимҷазира дар соҳили ғарбии Баҳри Каспий, дар ҳудуди Ҷумҳурии Озарбойҷон. 60 км ба дохили Баҳри Каспий тӯл кашидааст.
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Боку ва Paytakaran[d] |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Баҳри Каспий |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 27 м |
Дарозӣ |
|
Масоҳат |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бараш то 30 км. Сатҳаш ҳамвори теппадор. Баландии теппаҳо 50 — 165 м. Интиҳои шарқии Обшӯрон Забонаи Шоҳдилӣ ном дорад. Дар он вулқонҳои лойфишон (баландиаш то 310 м), кӯлҳои шӯр, чаИМАҳои минералӣ мавҷуданд. Обшӯрон бо конҳои нефту газ машҳур аст. Иқлими Обшӯрон субтропикии хушк, зуд-зуд шамолҳои шадид мевазанд. Биёбони нопойдор (эфемерӣ) мавҷуданд, ки дар баъзе қитъаҳояш регкӯчӣ рух медиҳад. Хокаш тираи дорчинранг. Набототаш нимбиёбонӣ; чимак, ҷорӯбак ва растаниҳои лӯбиёгӣ мерӯянд. Дар заминҳои обӣ токдорӣ ва зироаткорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар соҳили ҷанубии Обшӯрон ш. Боку ва дар соҳили шимолиаш курортҳои табобатӣ воқеанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Everett-Heath, John (2019-10-24). The Concise Oxford Dictionary of World Place Names (in Англисӣ). Oxford University Press. ISBN 978-0-19-188291-3. doi:10.1093/acref/9780191882913.001.0001.
Адабиёт
вироиш- Апшерон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.