Сисанбар, овешан[2] (лот. Thýmus, аз юн.-қад. θύμος ё θύμον) — ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи лабгулҳо.
Овешан |
---|
Овешан дар боғи гиёҳшиносии Карлсруэ |
|
Thymus L., 1753 |
|
|
Пояаш одатан хамида, сершохчаи резабарг, пудинамонанд. Гулаш майда, гулобитоб, сафед ё нилгун, як ё дуҷинса, хӯшагулаш саракмонанд. Мевааш «чормағзак». Дар Кишварҳои паосшӯравӣ қариб 140 намуди сисанбар мерӯяд ва махсусан ду намуди он бисёр мебошад. Сисанбари боғиро дар Украина ва кишвари Краснодар мепарваранд. Дар Тоҷикистон 4 намуди сисанбар асосан дар нишебиҳои серсангу шахи баландкӯҳи Помиру Олой ва Тиёншон; миёнакӯҳи Ҳисору Дарвоз, Помири Шарқию қаторкӯҳи Туркистон ва фақат дар Помири Шарқӣ) мерӯяд.
Сисанбар равғани эфири хушбӯй дорад. Сисанбарро дар саноати атриёту хӯрокворӣ ва тиб истифода мебаранд. Дар тибби мардумӣ барги сисанбарро ҳамчун давои киҷҷарон, балғамовар, мусаккин тавсия медиҳанд. Баргашро чун хушбуй ба таом меандозанд.