Саидмуҳаммад Одинаев
Саидмуҳаммад Одинаев — доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996). академики Академияи илмҳои Тоҷикистон(2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004)[1]
Саидмуҳаммад Одинаев | |
---|---|
Саидмуҳаммад Одинаев | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 19 октябр 1942 (78 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ховалинг |
Кишвар: |
![]() |
Фазои илмӣ: | физика |
Ҷойҳои кор: | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Роҳбари илмӣ: | Акобир Адҳамов |
Ҷоизаҳо: |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро ба поён расондааст (1965). Фаъолияти меҳнатиаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст (1965—1966).
- 1968—1988 — ходими калони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон,
- 1988—1996 — дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 1996—1999 — профессори ҳамин кафедра,
- 1999—2001 — директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон, 2001—2005 — ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ,
- 2005—2008 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
- 2008 — то имрӯз — профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: Назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ. Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистики ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст.
ОсорВироиш
- Молекулярная теория структурной релаксации и явлений переноса в жидкостях. — Душанбе,1998 (бо ҳаммуаллиф)
ҶоизаҳоВироиш
СарчашмаВироиш
- ↑ Аъзои раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008. — С. 228—229.