Аллоҳ

номи аслии Худо дар ислом
(Тағйири масир аз Оллоҳ)

Аллоҳ (ар. الله Садо [ʔalˤːɑːh]) — дар ислом номи Худои якка ва ягона фармонравои Рӯзи ҷазо[1], ки ба одамон фиристодаи худро Муҳаммад салаллоҳро равон кард. Тарҷумаи шаҳодат аз забони арабӣ чунин аст: «Шаҳодат медиҳам, ки нест Худо, ба ғайр аз Аллоҳ, ва боз шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад — Расули Аллоҳ».

Мисоли навишти калимаи «Аллоҳ» бо хатти оддии арабӣ
гӯш кардани шаҳодат

Тарзи хондан бо забони арабӣ:

Ашҳаду ан ла илоҳа илла Ллоҳу ва-ашҳаду анна Муҳаммадан расулу Ллоҳ

Шаҳодат

Калимаи Аллоҳро, аз ҷониби ақвоми араб новобаста аз дин, мазҳаб ва замон истифода мебурданд[2]. Бештар калимаро ҳамчун истилоҳ барои ифодаи Худованд, арабони муслим, арабони насронӣ ва умуман муслимони ғайри араб истифода мебаранд. Айни замон аз ҷониби муъминон ва арабони насронӣ истифода мешавад[3]. Ба ғайр аз ин, насрониён ва дигарон дар Индонезия ва Малта зуд-зуд ёдоварӣ мекунанд[4][5][6]. Чунин истифодабарӣ дар байни сикҳои Малайзияи Ғарбӣ дар вақтҳои охир боиси баҳсҳои сиесӣ ва ҳуқуқӣ гашт[7][8][9].

Решашиносӣ

вироиш
 
Қисмати калимаи "Аллоҳ":
1. Алиф
2. Ҳамза васл (همزة وصل)
3. Лом
4. Лом
5. шадда (ташдид) (شدة)
6. Алифи ханҷарӣ (ألف خنجرية)
7. ҳо

Дар решаёбии вожаи онро ташкил шуда, аз ду бахши он (алиф ва лом таъриф) + ла(изд ва ё маъбуд) медонанд.

Аллоҳ калимаи арабӣ буда, аз артикли муайян ва исми иллоҳ таркиб шудааст, ки ин маънии Худои яккаро ифода мекунад. Асосан дар забони арабӣ артикли муайяни (ал-ال) барои муайян сохтани исм истифода бурда мешавад. Исми Аллоҳ дар забони ибрии қадима ба ин шакл талаффуз шуда, дар миёни мардум истифода мегардид: Иллаҳ

Аллоҳ дар Қуръон

вироиш

Мувофиқи ақидаи ислом, Қуръон — сухани Аллоҳ, ки ба пайёмбар Муҳаммад салаллоҳ равона шудааст, бевосита ё ба воситаи малоика (фаришта) Ҷабраил. Қиёфаи Аллоҳ решаи асосии таблиғи Қуръон аст; ҳам дар давраи маккӣ, ва ҳам дар давраи маданӣ хислатҳои асосии Аллоҳ бе тағйир монд. Яке аз муҳимтарин мавзӯоти Қуръон — якка ва ягонагии Аллоҳ аст.

Исми Аллоҳ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Номҳои Худо дар ислом

Дар ислом расмӣ фаҳмиши муайянкунандаи исми Аллоҳ вуҷуд дорад. Ҳамаи ин номҳо қиёфаи Аллоҳро дар офаридани олам ва ҳастии Ӯ дар он ифода мекунад. Яъне, ба номҳои зиёди Аллоҳ нигоҳ накарда, ҳамаи онҳо танҳо ба Ӯ тааллуқ доранд. Онҳоро шабеҳ додан ба сифати офарид мумкин нест. Дар яке аз ҳадиси пайёмбар Муҳаммад салаллоҳ чунин навишта: «Аллоҳ дорои наваду нуҳ ном аст, як кам сад. Касе, ки онҳоро номбар кардан гирад — дохили Биҳишт мегардад»[10]. Мисол, номҳои Аллоҳ, ки дар Қуръон ёдовар шудаанд Ар-Рабб (Ҷаноб), Ар-Раҳмон (Меҳрубон), Ар-Раҳим (Раҳмдил), Ал-Ҳайй (Зинда), Ал-Аҳад (Ягона) ва ҳоказо. Номи Аллоҳ бо наваду нуҳ ном маҳдуд намеёбад зеро номҳои дигари Ӯ дар Қуръон ва Суннат ёдовар нашудаанд.

 
Қалъаи Роҳтас, Покистон

Иқтибоси калима

вироиш

Дар забонҳои Аврупо

вироиш

Дар забонҳои Малайзия ва Индонезия

вироиш

Дар дигар скриптҳо ва забонҳо

вироиш

Калимаи Аллоҳ дар дигар забонҳо, ки аз ҳуруфи ниёгон истифода мебаранд як хел навишта мешавад ва инҳо форсӣ/дарӣ, урду, уйғурҳо ва дигарон.

Матбаа

вироиш
 
Калимаи Аллоҳ бо тартиби гуногуни хаттӣ навишта шудааст.

Калимаи Аллоҳ пас аз ҳарфи Лом ҳамеша бе Алиф (ҳарфи садонок) навишта мешавад, чун имлои навиштан пеш аз ибтидои ҳуруфи одатии забони арабӣ оғоз ёфт. Бо вуҷуди ин, дар имлои маҳаллӣ аъробгузории Алиф дар қисми болои шадда (ташдид) барои дуруст талаффуз кардани калима гузошта мешавад.

Нигаред

вироиш

Динҳову мазҳабҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
бо забони русӣ
  • Батыр Р. [1]. — ИД «Медина». — 2007. — С. 176.
  1. Ояти-4
  2. Christian Julien Robin (2012). Arabia and Ethiopia. In The Oxford Handbook of Late Antiquity. OUP USA. pp. 304–305. 
  3. Merriam-Webster. Allah. Merriam-Webster. 25 феврали 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2014.
  4. Columbia Encyclopedia, Allah
  5. "Allah." Encyclopædia Britannica. 2007. Encyclopædia Britannica
  6. Encyclopedia of the Modern Middle East and North Africa, Allah
  7. Sikhs target of 'Allah' attack, Julia Zappei, 14 January 2010, The New Zealand Herald. Accessed on line 15 January 2014.
  8. Malaysia court rules non-Muslims can't use 'Allah', 14 Oct. 2013, The New Zealand Herald. Accessed on line 15 January 2014.
  9. Malaysia's Islamic authorities seize Bibles as Allah row deepens Бойгонӣ шудааст 16 Январ 2014  сол., Niluksi Koswanage, 2 January 2014, Reuters. Accessed on line 15 January 2014
  10. Сборники Бухари и Муслима
  11. Kees Versteegh; Mushira Eid (2005). Encyclopedia of Arabic Language and Linguistics: A-Ed. Brill. pp. 379–. ISBN 978-90-04-14473-6. 

Сарчашма

вироиш