Гулрез (деҳа, н. Кӯлоб)
(Тағйири масир аз Олтовул)
Гулрез (то соли 2012 Олтовул) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 17 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2738 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Даҳана |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2738 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3322 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Хизматрасониҳо
вироишУстохонаи чӯббурӣ, осиёби хусусӣ, масҷиди панҷвақта, 5 нуқтаи савдои хусусӣ ва 70 хоҷагии хурди деҳқонӣ дорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 34, деҳаи Даҳана таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Даҳана ва дарёи Яхоб обёрӣ мешаванд.
Ёдмонҳо
вироишДар ҳудуди деҳа марқади Хоҷаи Пок (асри XIII) боқӣ мондааст, ки зиёратгоҳи мардум аст.
Шахсиятҳои маъруф
вироишОлими соҳаи фалсафа Султон Наврӯзов ва ходими давлатӣ Ҷиёнхон Ризоев дар ҳамин деҳа зиндагӣ карда буданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулрез // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2