Олуи 'Анна Шпет', Венгеркаи дерпазак, Венгеркаи холдор — як навъ олу.

Баромад

вироиш

Солҳои 70 асри XIX олими немис Анна Шпет аз донак рӯёндааст.

Тавсифоти биологӣ

вироиш
 
Олуи 'Анна Шпет'

Дарахташ миёнасабз, сармобардор, 5 — 6 м қад мекашад. Шоху навдааш аҳромшакл; шохҳои асосиаш ғафс. Навдаҳои тарракаш сурхи дорчинӣ, навдаҳои яксолааш ҷигарӣ. Баргаш ғафс, байза ё нештаршакл, рӯяш сабзи баланд, пушташ сабзи кушод, думчааш кӯтоҳ (0,5 — 10 мм), сабзчаи патдор. Гулаш хушбӯй. Мевааш калон (35 — 45 г), гирда ё байзашакл, бунафши сурхтоб, мумпардаи сахт дорад; ҳангоми боронгарӣ кафида мепӯсад. Пӯсти мевааш сахт, баъди пурра пухтан аз гӯшт нағз ҷудо мешавад. Мағзи мевааш сабзи зардтоб, сероби ширин, хушбӯй, то 18 — 27 % моддаҳои хушк, 14 % қанд, 0,6 — 1,2 % ҷавҳар дорад. Донакаш байзашакли дароз, баъди пухтан аз мағзи мева ҷудо мешавад.

Дарахташ дар мавзеъҳои обҳои зеризаминиашон наздик низ мерӯяд, дар хоки хокистарранг нағз сабзида ҳосили хуб медиҳад. Баъди пир шуда аз сабзиш мондан, дарахташро калак мекунанд (он аз сари нав месабзад). Аввали апрел гул карда (даври гулшукуфташ 6 — 10 рӯз), мевааш август пухта мерасад. Гулаш худгардолуд аст. Ҳангоми аз гули навъҳои Ренклоди сабз, Ренклоди Алтан, Венгеркаи муқаррарӣ, Венгеркаи италиявӣ гардолуд шудан ҳосили фаровон медиҳад. Худ барои гардолуд кардани навъҳои Венгеркаи италиявӣ, Венгеркаи хонагӣ, Ренклоди сабз, Виктория ва ғайра аҳамияти калон дорад.

Ҳосил

вироиш

Ниҳолаш дар соли 5-уми шинондан самар меорад. Дарахти 10-солааш 30 — 40 кг ва 15 — 20-солааш 150—250 кг ҳосил медиҳад. Ҳосилаш нобаробар мепазад, вале бинобар сахт буданаш онро метавон якбора ғундошт (то 10 рӯз нигоҳ доштан мумкин). Ҳосилашро тар мехӯранд, мехушконанд, меваоб ва мураббо, шарбат, мармелад тайёр мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Сорта плодовых и ягодных культур, М., 1953;
  • Анзин Б. Н., Слива, М., 1956;
  • Гулов С. М., Мевапарварӣ, Д., 2007.

Сарчашма

вироиш