Олучаи дарвозӣ (лот. Prunus darvasica) — буттаи мевадорест, ки ки бумии Тоҷикистон аст ва то 1,5—2,5 метр қад мекашад.

Олучаи дарвозӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гу­лаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), мевааш (2,8—3,5 грамм) мудаввар, сиёҳтоб, пӯсташ ғафси, дурушт, сершира, таъмаш нордон, донакаш гирда ё тухмшакл (дарози­аш 1,—1,5 сантиметр). Мохи апрел гул меку­над; мевааш июл — август мепазад. Хоси Осиёи Миёна (Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой) аст. Дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Хисору Дарвоз (1000—1400 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Аз мевааш мураббо, рубъ (повидло) ва компот тайёр кардан мумкин аст (то 6,35 % қанд дорад).

Адабиёт

вироиш