Опалина (лот. Opalina) — як ҷинси ҳайвонҳои соддатарин, паразитест аз синфи қамчинакдорҳо.
Опалина |
|
Opalina Claus, 1874 |
|
Танааш баргшакл (дарозиаш то 1 миллиметр) буда, бо қамчинакҳо пӯшида шудааст. Эктоплазма ва андоплазма бо даҳҳо, баъзан садҳо ядро аз ҳам чудо гаштааст. Сурохии даҳон надорад, бо таври осмосӣ ғизо мегирад.
Бо роҳи ғайриҷинсӣ (ба ду тақсимшавӣ) ва ҷинсӣ (копулясия) афзоиш меёбад. Даҳҳо намуди опалина маълум аст. Опалинаҳо одатан дар рӯдаи обхокиҳо ва баъзан моҳиҳою хазандаҳо зиндагӣ мекунанд. Раванди ҷинсии Опалинаҳо баҳорон дар рӯдаи кафлесак мегузарад.
Систаи опалина аз рӯдаи ҳайвони ғизодеҳ (масалан, қурбоқа) ба қаъри обанбор афтода, ба сифати хӯрок ба рӯдаи кафлесаки навазтухмбаромада дохил мешавад. Дар рӯдаи кафлесак аз систа опалинаҳои ҷавон ба вуҷӯд меоянд, минбаъд онҳо тақсим шуда, ғаметаҳои якҳуҷайрагӣ ҳосил мекунанд. Гаметаҳо ҷуфт-ҷуфт омехташуда зигота ҳосил менамоянд, сипас аз зигота опалинаи бисёрхуҷайрагӣ пайдо мешавад.