Ораш

Овозхони эрониву шведӣ

Ораш Лабофзода (форсӣ: آرش لباف‎, озарбойҷонӣ: Arəş Ləbaf Zadə, швед. Arash Labaf; тав. 23 апрел 1977, Теҳрон, Эрон) — сароянда, раққос, оҳангсоз ва продюсери машҳури эрониву шведӣ. Иштирокчии озмуни мусиқавии «Эвровижн-2009» буда, якҷоя бо сарояндаи озарӣ Айсел Темурзода суруди «Always»-ро дар шакли дуэт сароида сазовори ҷои сеюм гашта буданд.

Ораш Лобоф
форсӣ: آرش لباف‎, швед. Arash Labaf
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд Ораш Лобофзода (форсӣ: آرش لباف‎)
Таърихи таваллуд 23 апрел 1977(1977-04-23) (47 сол)
Зодгоҳ шаҳри Теҳрон, Эрон
Солҳои фаъолият 2003- то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) Сароянда
Сабк мусиқии машҳур, поп-фолк, попи эронӣ, мусиқии поп, ҳип-ҳоп ва ритм-н-блюзи муосир
Ношир(он) Extensive Music, Warner Music Sweden ва Warner Music Group
Ҷоизаҳо
Golden Gramophone Award
arash.com
arash.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Даврони наврасӣ ва ҷавонӣ

вироиш

Ораш Лабофзода 23 апрели соли 1977 дар Теҳрон ба дунё омадааст. Бобои Ораш озарбойҷонӣ аз Ардабил буд[1]. Соли 2009 дар мусоҳиба бо хабарнигори АиФ изҳор дошт, ки решааш ним озарбойҷонӣ, ним эронӣ ва озарбойҷонӣ аз тарафи падар аст[2]. 10 соли аввали умраш дар Теҳрон зиндагӣ кардааст. Аз он ҷо ҳамроҳи волидонаш ба Аврупо муҳоҷират кардааст.

Дар охири солҳои 1980, ӯ ба шаҳри Уппсалаи Шветсия кӯчид ва тақрибан панҷ сол дар он ҷо зиндагӣ кард. Баъд насаби Лабофзодаро ба Лабоф иваз кард. Баъдтар, ӯ бо оилааш ба Малмё кӯчид ва то соли 2016 дар он ҷо зиндагӣ кардааст.

Эҷодиёт

вироиш

Баъди хатми коллеҷ ба мусиқӣ шавқу рағбат пайдо кард. Дар мусоҳиба ӯ дар бораи намоишҳои аввалини худ нақл кард:

Мо гурӯҳи аввалро бо бачаҳо дар мактаб, дар синни 14-солагӣ таъсис додем. Ва мо ҳар моҳ дар ҷойҳои гуногун, асосан барои ҳамсолон консерт медодем. Аз он вақт инҷониб ман сурудҳо менависам. Ва ман ба ин раванд шавқи зиёд пайдо кардам. Дар ҳамон замон мо намоишҳои аввалини худро сохтем. Он вақт ҳатто барои онҳо пул намерасид. Як маъбади шведӣ ба мо хеле кӯмак кард. Ҳоло, ҳамроҳи дӯстонам, ман соҳиби ҳамон аввалин студияе мебошам, ки дар он намоишнома менавиштем.

[3]

Ораш оҳанг эҷод ва продюсерӣ мекард, аз ҷумла барои филмҳои ҳиндӣ ва шведӣ саундтрек навиштааст. Соли 2004 сингли "Боро Боро" дар Шветсия дар тӯли 4 ҳафта дар ҷои 2-юм қарор гирифт ва баъдан тақрибан дар ҳама чартҳо ва чартҳои ҷаҳон ҷои аввалро ишғол кард.

Пас аз он ду соли заҳмати пуршиддат, гастролҳо дар саросари ҷаҳон, ки барҷастаи он як хонаи пур дар Амфитеатри универсалии Лос-Анҷелес, наворбардорӣ дар филми Болливуд «Bluffmaster», ҳунарнамоӣ дар зиёфат бахшида ба зодрӯзи мири Маскав, чандсад консерт ва сабтҳои зинда дар телевизиони беш аз бист кишвари ҷаҳон буд.

Моҳи марти 2005 Араш албоми аввалини худро Arash баровард. Ӯ яке аз таронаҳоро бо рэпсарои суэдӣ Тимбукту ва дигареро бо овозхони эронӣ Эбӣ иҷро кардааст. Албоми "Arash" беҳтарин албоми соли 2006 (ҷоизаи MIDEM) гардид ва ба панҷгонаи беҳтарини IFPI (Федератсияи байналмилалии саноати фонографӣ) дохил шуд.

Соли 2006 сингли «Chori Chori» пахш шуд, ки дуэт бо Анила сабт шудааст.

Дар Русия Ораш якчанд синглро бо сарояндаҳои машҳури рус сабт кардааст: гурӯҳи "Бриллиант" ("Восточные сказки"), Анна Семенович ("На моря"), "Крёстная семья" ("Baskon"), "Фабрика" ("Али Баба"). Соли 2006 маҷмӯаи ҷоизаҳои Ораш бо ду ҷоизаи Граммофони тиллоӣ пурра гардид.

Ораш дар якҷоягӣ бо ситораи реггӣ ямайкӣ Шэггӣ, ки ӯ аллакай дар ИМА албомҳои платина дошт, дар сингл «Donya» кор кардааст. Намоиши «Donya» номи Орашро дар миёни дӯстдорони мусиқии попи ҷаҳон қобили қабул кард. Дар панҷ кишвар «Donya» мақоми тилло гирифт.

Албоми «Donya» соли 2008 бароварда шуд. Ба он трекҳои «Chori Chori», «Suddenly», «Donya» ва «Pure Love» шомил буданд, ки бо Ҳелена Юсефсон дуэт хондаанд. Соли 2009 «Pure Love» дар Русия ва ИДМ серфурӯш шуд. Ба ғайр аз Шэггӣ, ба Ораш дар кори дусолаи албом асосгузори рэпи шведӣ Lumidee ва хитмейкери машҳур Тимбукту кумак карданд. Сароянда беш аз як миллион нусха албоми худро фурӯхтааст[4].

Моҳи ноябри соли 2008 ӯ композитсияи худ бо забони инглисӣ "Always"-ро ба даври интихобии озмуни Eurovision дар Озарбойҷон фиристод. Моҳи феврали соли 2009 маълум шуд, ки Айсел ва Ораш Озарбойҷонро дар Маскав бо таронаи "Always" муаррифӣ мекунанд. Рӯзи 14 май Айсел ва Ораш аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ дар даври дуввуми ниманиҳоӣ ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд ва дар он аз Норвегия ва Исландия шикаст хӯрда, мақоми севумро касб карданд.

Дар охири соли 2010 Араш сингли нави худ «Broken Angel» -ро боз бо Ҳелена муаррифӣ кард. Суруд дар хит-парадҳои Муз-ТВ, Европа Плюс, DFM ва ғайра дар ҷойҳои аввал қарор доштанд. Дар навор модел Марианна Пуглиа нақш бозидааст. Инчунин видеое мавҷуд аст, ки ин видео чӣ гуна ба навор гирифта шудааст.

Моҳи марти соли 2011 наворбардории филми «Rhino Season»-и коргардони эронӣ Баҳмани Қубодӣ анҷом ёфт, ки дар он Ораш ва ҳунарпешаи Ҳолливуд Моника Беллуччӣ нақшҳои асосиро бозидаанд.

Ораш ва Ҳелена меҳмонони махсуси ҷоизаи Муз-ТВ 2011 шуданд ва хити худ «Broken Angel»-ро иҷро карданд.

Моҳи октябри соли 2012 нахустнамоиши таронаи нави Ораш "She Makes Me Go", ки бо иштироки барандаи ҷоизаи Грэммӣ, овозхони ямайкӣ Шон Пол сабт шудааст, баргузор шуд.

Ораш он кореро анҷом дод, ки на ба бисриҳо муяссар мешавад – таронаҳояшро на ба инглисӣ, балки ба форсӣ, ки барои аксари мухлисонаш нофаҳмо иҷро мекард, тавонист ситораи сатҳи ҷаҳонӣ шавад[5].

4 ноябри соли 2014 нашри албоми сеюми студияи деринтизор бо номи Superman баргузор гардид. Албом дар тӯли шашуним сол сабт шудааст. Он 13 суруд ва 4 суруди бонусиро дар бар мегирад.

14 июни соли 2018 ӯ суруди “Goalie Goalie”-ро дар якҷоягӣ бо сароянда Нюша ва ду рэпсаро Pitbull ва Blanco, ки ба Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия бахшида шуда буд, бароварда, сипас дар он иҷро кард.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Ораш соли 2004 бо Беҳноз Ансорӣ шинос шуда, 28 марти соли 2011 хонадор шудаанд. Маросими тӯй дар шаҳри Дубай дар соҳили Халиҷи Форс баргузор гардид[6]. 22 апрели соли 2012 ҳамсари сароянда дугоник таваллуд намуд, ки писарашро Дориён ва духтарашро Дунё номгузорӣ намуданд. Аз соли 2016 инҷониб дар шаҳри Дубай зиндагӣ мекунанд.

Албомҳо

вироиш
  • Arash (2005)
  • Donya (2008)
  • Superman (2014)
  • Crossfade (The Remix Album

Сурудҳо

вироиш
  • 2004: Boro Boro
  • 2005: Tike Tike Kardi
  • 2005: Temptation (бо Ребекко Задиг)
  • 2006: Arash
  • 2006: Chori Chori (бо Анила)
  • 2008: Suddenly (бо Ребекко Задиг
  • 2009: Always (бо Айсел Темурзода)
  • 2012: She Makes Me Go (бо Син Паул)
  • 2014: Sex Love Rock N Roll (бо T-Pain)
  • 2005: Music Is My Language (бо DJ Alligator)
  • 2005: Baskon (бо Timbuktu)
  • 2008: Donya (бо Shaggy)
  • 2009: Pure Love (бо Ҳелено)
  • 2013: One Day (бо Ҳелено)
  • 2016: OMG (бо Snoop Dogg)
  • 2017: Se Fue (бо Mohombi)
  • 2017: Helene Fischer – Herzbeben
  • 2018: Dooset Daram (бо Ҳелено)
  • 2018: Goalie Goalie (бо Нюша, Питбул & Бланко)
  • 2019: One Night In Dubai (бо Ҳелено)

Филмнома

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Лилия Шарловская. «Евровидения» певец и двойни отец(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). mk.ru (29 мая 2012). 10 Декабри 2016 санҷида шуд.
  2. Евровидение-2009: Arash & Aysel ответили на вопросы AIF.RU(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). aif.ru (19:00 17/04/2009). — «Ответы: Араш Лабаф (Arash) 19:49 17/04/2009 Я был в Азербайджане на концерте и узнал, что поедет на «Евровидение» красавица Айсель, мне захотелось с ней спеть, теперь у нас такой дуэт. И у меня азербайджанские корни со стороны отца. Я наполовину азербайджанец, наполовину иранец.»  10 Декабри 2016 санҷида шуд.
  3. Биография Arash (Ораш )
  4. Об исполнителе(пайванди дастнорас — таърих). 8 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июли 2013.
  5. Араш: Россия всегда занимала особое место в моём сердце(пайванди дастнорас — таърих). Журнал Icon. 17 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2016.
  6. Arash married on May 28 in Dubai. web.archive.org (25 Декабри 2011). 21 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Декабри 2011.