Ортвин ( тур. Artvin Артвин, арманӣ. Արդվին, гурҷӣ: ართვინი) — шаҳр ва ноҳия дар шимолу шарқи Туркия аст, ки дар соҳили дарёи Чорох, дар наздикии марз бо Гурҷистон ҷойгир аст. Ортвин маркази маъмурии вилояти Ортвини Туркия аст. Аҳоли 23,157 нафар аст (2000, барӯйхатгирӣ).

Ортвин
тур. Artvin
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландӣ
345 м
Вақти минтақавӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 0800
Вебгоҳи расмӣ(тур.)
Ортвин дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Манзараи шаҳри Ортвин

Таърих

вироиш

Шаҳри Ортвин, ба монанди аксари Закавказия, дар нимаи аввали садаи XVII аз ҷониби имперотурии Усмонӣ забт шуда буд. Тибқи натиҷаҳои ҷанги Русияву Туркия дар солҳои 1877-1878, Ортвин ба Империяи Русия гузашт ва ба вилояти Батуми дохил шуд. Дар соли 1897 Ортвин 7,091 нафар аҳолӣ дошт.

Пеш аз куштори арманиҳо, аҳолӣ асосан армяниҳо буданд; дар инҷо 11 калисои арманӣ фаъолият мекарданд. Дар соли 1914 бо оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ Туркия қисми вилоятҳои Батуми ва Карсро ишғол кард, ва сипас дар зери ниқоби ҷанг, ба нобудсозии оммаи арманиҳоро дар Ортвин, Ардаҳон, Ардануч ва дигар минтақаҳои забтнамуда шурӯъ намуд. Ҳудуди қаламрав зери назорати туркҳо то оғози январи соли 1915 буд, то вақте ки онро артиши Русия баргардонд [2].

Пас аз он ки шартномаи сулҳи Брест-Литовск, ки моҳи марти соли 1918 аз ҷониби болшевикон бо Олмон ва иттифоқчиёни он, аз ҷумла Туркия баста шуд, шаҳрро қӯшунҳои туркӣ ишғол карданд - вай боз ба Туркия пайваст, аммо дар асл танҳо чанд моҳ. Аз охири соли 1918 то марти 1921, шаҳр таҳти назорати Ҷумҳурии Демократии Гурҷистон буд.

Дар моҳи марти соли 1921, дар натиҷаи ҷанги Давлати шӯравӣ-Гурҷистонӣ (яъне нақшаи «Шӯрависозии Гурҷистон») ва ишғоли минбаъдаи як қисми қаламрави Ҷумҳурии Демократии Гурҷистон аз ҷониби нирӯҳои Туркия таҳти сарварии Казим Карабекир, Ортвин боз таҳти назорати туркҳо қарор гирифт.

Созишномаҳои Москва ва Карс, ки дар соли 1921 Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон ва РСФСР бо Туркия баста буданд, интиқоли ин қаламравро ба Туркия таъмин карданд.

Пайвандҳо

вироиш