Ортиқ Қодир
Ортиқ Қодир (Қодиров Ортиқ Ашӯрович; 14 марти 1957, деҳаи Нилӯ, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, рӯзноманигор. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009)[1].
Қодиров Ортиқ Ашӯрович | |
| |
Таърихи таваллуд: | 14 март 1956 (68 сол) |
Зодгоҳ: | деҳаи Нилӯ, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр ва синамо, рӯзноманигор |
Ҷоизаҳо: |
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999) Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2009) |
Зиндагинома
вироишОртиқи Қодир 14 марти соли 1956 (дар ҳуҷҷатҳои расмӣ иштибоҳан соли 1957 сабт гардидааст) дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1964 дар мактаби миёнаи № 50-и деҳа ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1974 баъди хатми мактаби мазкур ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, ба Шуъбаи актёрии факултаи иҷрокунандагӣ дохил мешавад.
Солҳои таҳсил бо 3 нишони фахрии «Барои хониши аъло»-и Иттифоқи ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шудааст.
Соли 1977 ғолиби Озмуни умумииттифоқии ровиён ба номи Владимир Яхонтев байни донишҷӯёни донишкадаҳои олии санъати ИҶШС ва мамолики сотсиалистӣ (бо ибтикори КМ ВЛКСМ ва ВТО — Ҷамъияти умумииттифоқии театрӣ) дар шаҳри Ленинград мегардад.
Солҳои донишҷӯӣ бо ҳидояти Комсомоли Тоҷикистон дар ҳайати консертии донишкада ва намояндаи КМ комсомол ба ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа (собиқ) ба сифати баранда, ровӣ ва ҳунарпеша (иҷрокундаи нақш дар саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ) (с.1975) ва соли 1976 дар ҳайати ҳунармандони театри ба номи А.Лоҳутӣ ба вилояти Бухорои ҶШС Ӯзбекистон ба ҳайси барандаи консерт ва ровӣ ба сафари ҳунарӣ мебарояд.
Аввалин баромад ва ҳунарнамоии ӯ дар телевизион ва радиои тоҷик аз солҳои донишҷӯияш (1975) оғоз ёфтааст.
Ҳунарнамоӣ
вироишСоли 1978 бо роҳхати Вазорати фарҳанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор даъват мешавад.
Дар тӯли фаъолияти хеш Ортиқи Қодир дар соҳаи театр даҳҳо нақшҳои хурду калон офаридааст, ки намунаи онҳо:
- Шаҳзода — «Кӯзаи гӯё», А. Абӯбакар,
- Наим — «Ибтидо», А. Ҳамдам,
- шоҳ «Бахтатро бедор кун», Н. Бақозода,
- вазир — «Саргузашти Ту Ту» Б.
- вазири мушон — «Қиссаи аҷибу ғариб», Т. Аҳмадхонов,
- Лоҳутӣ — « Қиёми Лоҳутӣ», А. Атобоев,
- Ҳомид — «Раъно», Н. Исломов, Ф. Қосимов,
- Давлатов — «Ҷияни хира», Ш. Солеҳ,
- Обидҷон — «Тахти Султонмаҳмуд», Ш. Солеҳ,
- Хоҷа Ҳофиз — «Кабки қафас», Т. Зулфиқоров,
- Рӯдакӣ — «Рӯдакӣ», С. Улуғзода ва ғайраҳо.
- Аз соли 1991 то 1995 дар симмати актёри Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии «Оина»-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз соли 1996 то 2001 муовини сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» буд. Аз соли 1996 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.
Ҷоизау ҷоиза
вироиш- Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (соли 1992),
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон (соли 2013),
- Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (с.1999),
- Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (с. 2009) мебошад[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қодиров Ортиқ // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 560—561. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
- ↑ Ортиқи Қодир — Tojnews http://tojnews.org/inhoro-boyad-donist-ortiqi-qodir Бойгонӣ шудааст 25 октябри 2013 сол.
Намунаҳо аз маҳсули эҷодӣ
вироиш- Қироати Ортиқ Қодир, Шеъри «Забони модарӣ»-и Бозор Собир https://www.youtube.com/watch?v=QF-yTvDfQDc
- Қироати Ортиқи Қодир, Ғазали Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ https://www.youtube.com/watch?v=zFo-N7KtF9M
- Қироати Ортиқ Қодир, шеъри Лоиқ Шералӣ https://www.youtube.com/watch?v=fEO3eyXOnLU