Оташпарастӣ — дини бостонии ниёгон, ки гавҳари онро парастиши Оташ, ки рӯшноиву гармии Худованд аст, дар бар мегирифт. Оташпарастӣ дар замони бостон, аз гоҳи пайдо кардани оташ дар зиндагии мардуми бостонӣ (Ҳушанги Пешдодӣ) пайдо шудааст. Якчанд гунаҳои оташпарастӣ дар кӯҳангоҳи Эрону Турон пайдоиш ёфта буданд.

Реверси пули Ормизди II бо нақши қурбонгоҳи оташу ду коҳин

Дар пиндори зардуштиён Хуршед сарчашмаи ду накӯи – гармову равшанист. Дар андешаҳои онҳо Хуршед (офтоб) дар пайкари изадбонуи зебое дармеомад, ки дорои партавафшонию зиндагибахшӣ буд. Аз ин рӯ, офтоб замони офариниш шуд, пасон гармою равшанӣ бо роҳи партавафшонии ҳамешагӣ (афрӯхтани оташ) бор оварданд. Ба гумоне ҳамингуна аз парастиши офтоб - парастиши оташ ба миён омад. Дар дини зардуштӣ оташ аз шинохтатарин рукни фарҳанг буд. Дар «Авесто» оташро панҷ гуна мешуморанд, ному чибуди онҳо дар “Ясно”, инчунин дар "Бундаҳишн” гӯфта шудааст. Ҳар як гунаи оташ перомуни равшани корбарии худро дорад. Гирем, оташи "берези-саваҳ" - дар оташкадаҳо асту дар рӯзгори вижа ба кор меравад; воҳуфрийона - оташест, ки дар тани мардуму ҷонварон аст; урвазншта - оташест, ки дар рустаниҳо ниҳон аст; вазншта - оташи абр (каҳрабо; тандуру чашмак) асту вопасинаш спаништ аст, ки дар Гарудмон (ҷойи суруди бепоён; биҳишт) дар пеши Аҳуро Маздо медурахшад. Оташи вижа-намоёнро (дар Авесто «Отиро-язато») писари Аҳуро Маздо мехонанд.

Дар дини Зардуштия парастиши оташ бо таълимоти ахлоқӣ махлут гаштааст. Оташ (дар қатори хоку об) поктарин унсур аст, ки аз ин рӯ, вай рамзи ин оин шудааст. Дар зардуштия оташ манбаи зебоӣ ва асоси ҳаёт, душмани сукуту карахтист. Аз ин рӯ, ҳар муғ мисли оташ фаъол буда, то поёни умр бояд аз кору меҳнат даст барнадорад. Зардуштиён оташпарастии худро қоил нестанд, зеро оташро рамзи Аҳура Маздо медонад. Бо вуҷуди он Оташпарастӣ дар байни омма таъсири амиқ дошт ва унсурҳои онро дар рӯзгор то имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст. Дар атрофи гулхан давр задани арӯсу домод, баҳорон дар Наврӯз аз болои гулхан ҷаҳидан ва ғ. аз боқимондаи Оташпарастии зардуштианд. Парастиши оташдони хона низ бо Оташпарастӣ вобаста аст. Парастиши оташ инчунин дар нигоҳ доштани оташи “ҷовид” зоҳир гардид ва баъд аз он ки тавассути соиш оташ афрӯхтанро ёд гирифтанд, парастиши он авҷ гирифт.

“Ҳоло ҳам, - қайд карда буд Ф. Энгелс, - дар аксарияти мамлакатҳои аврупоӣ хурофоти халқӣ дар бораи он ки оташи муъҷизаовар... фақат ба воситаи соиш афрӯхта мешавад, вуҷуд дорад”

— (Маркс К. и Энгелс Ф., Соч., т. 20, с 430).

Дар масеҳият эътиқод ба моҳияти фавқуттабии Оташ дар афрӯхтани шамъ ва чароғи махсус (лампада) дар назди уқнум зоҳир , мегардад.[1]

Донишманди машҳури инглис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тилоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба Оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин чи гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед (офтоб) аз ҷониби одамон дар рӯи замин аст.[2]

Нигаред низ

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 444
  2. Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378.