Оши наҳор — Оши наҳорро бо истилоҳҳои оши пагоҳӣ ва оши қавм низ ном мебаранд. Он яке аз маросимҳои марбут ҷашни домодию арӯсии тоҷикон мебошад. Оши наҳор дар рӯзи истироҳат субҳ барои мардҳо 2-3 соат давом мекунад, пас аз он маъракаи занҳо оғоз меёбад. Як рӯз пеш аз он дар хонаи тӯйдор говеро забҳ карда, масолеҳи оши палавро омода мекунанд. Баъзе тӯйдорҳо ба ҷойи гов гӯсфанд забҳ карда, аз бозор ба миқдори лозими гӯшти гов мехаранд. Як рӯз пеш аз оши наҳор расми сабзирезакунон баргузор шуда, ошпазу бакавул, дӯстони домод ва хешони наздик ба тоза ва реза кардани сабзӣ машғул мешаванд. Субҳи барвақт ошпазҳо ба пухтани палав шурӯъ карда, шахсони дигар дастархонро бо нонҳои болаззат, қанду мағзу мавиз, меваю шириниҳои гуногун оро медиҳанд. Саҳар мардони хабаршудаи деҳа ва маҳалла ва хешу таборҳо омада, соҳиби тӯйро табрик гуфта, баъзеашон ҳадя медиҳанд. Хешони наздик қабл аз тӯй ҳадяҳои нисбатан боарзиш, масалан, гӯсфанду буз, халтаи орд, равған, анвои мева, тарбузу харбуза ва ғайра меоранд. Баъзан дар маросими оши наҳор сарояндагону мутрибонро оварда, сурудхонӣ низ барпо мекунанд.[1]

Донистаниҳо

вироиш
  • Дар вилояти Суғд дар даврони гузашта оши наҳорро вақти субҳ, новобаста ба соат баргузор мекарданд, ин анъана дар давраи истиқлол, мутобиқи шароити зисти мардум дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ қабул шудааст.
  • Тибқи Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими расму ойинҳо" оши наҳор танҳо дар қаламравӣ ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбеву якшанбе аз соати 8.00 то 10.00 субҳ иҷозат дода шудааст. Миқдори меҳмонон низ вобаста ба намуди ҷашн ё маросим маҳдуд карда шудааст. Мутобиқи «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007) шумораи даъватшавандагон ба оши наҳор муайян буда, то 200 нафарро ташкил медиҳад.
  • Аввало дар минтақаҳои вилояти Суғд ва Душанбеву водии Ҳисор дар арафаи гузаронидани оши наҳор анъанаи сабзирезакунон ё бехирезакунон баргузор мегардид, ки хешу табор, ҳамсояҳо ва дӯстони хонадони маърака баргузоркунанда ҷамъ омада сабзиро барои пухтани оши палав тайёр мекарданд.

Адабиёт

вироиш
  • Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 88

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 106. – 280 с.