Оятбегим Сабзалиева

Оятбегим Сабзалиева – сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)[1], профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

Оятбегим Сабзалиева
Оятбегим Сабзалиева
Таърихи таваллуд 1 январ 1942(1942-01-01) (82 сол)
Зодгоҳ Хоруғ
Пеша(ҳо) сароянда
Ҷоизаҳо Ордени “Шараф”, Ҷоизаи аввали озмуни байналмилалии навозандагон ва сарояндагони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1969) дар Алмаато ва умумииттифоқи дар Минск (1976), Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковскиӣро (1969) хатм карда аз соли 1969 овозхони (сарояндаи) Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аст. Сабзалиева овози пурқуввату дилнишин дошта, дар саҳна симоҳои ҷолиб, нақшҳои табиӣ меофарад. Дар иҷрои ӯ, махсусан нақшҳо аз намоишномаҳои классикии ҷаҳон хеле барҷаста ва таъсирбахш таҷассум ёфтаанд: Татяна («Евгений Онегин»-и П. Чайковский), Микоэла («Кармен»-и Ж. Бизе), Леонора («Трубадур»-и Ҷ. Верди), Тамара («Азозил»-и Н. Рубинатейн), Серлина («Дон Жуан»-и В. Мотсарт), Земфира («Алеко»-и С.Рахманинов), Сюзанна («Шоҳдухтари сирк»-и И.Калман) ва ғ. Дар операҳои офаридаи композиторони тоҷик-«Айнӣ» ва «Рӯдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов, «Қишлоқи тилоӣ», «Дугонаҳо»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ, «Шоҳ Исмоил»-и Т.Шаҳидӣ, «Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов яке аз аз партияҳои асосиро иҷро кардааст. Озмуни ҳофизони ҷавони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазокистон (1969, ҷоизаи аввал). Иштирокчии Фестивали умумииттифоқии ҳофизони опера дар ш.Минск (1976) буд. Ба якчанд кишвари хориҷӣ сафари ҳунарӣ кардааст. Аз соли 1990 дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва 2003 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба таълиму тарбияи шогирдон мащғул буда, қариб 30 нафар шогирдро тарбия намуда ба воя расондааст (аз ҷумла 10 нафар шогирдаш дар Театри опера ва балети тоҷик, чанд нафарашон дар ансамблҳои «Дарё», «Гулшан» ва ғайра) кору фаъолият доранд.[2]

Эҷодиёт

вироиш

Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд дошта дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои (образ) ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад.

Қаҳрамонҳои спектаклҳо

вироиш
  • Татяна (« Евгений Онегин» П. И. Чайковский) ,
  • Леонора («Трубадур» Ҷ. Верди),
  • Микаэла («Кармен» Ж. Бизе),
  • Тамара («Демон» Н. Рубинштейн),
  • Селина («Дон Жуан») Ж. Мотсарт),
  • Земфира («Алеко» С, Рахманинова),
  • Сюзанна («Королева цирка « И. Кальман) ва диг.

Спектаклҳои операвии композиторони тоҷик

вироиш

Мукофот

вироиш
  • Ҷоизаи аввали озмуни байналмилалии навозандагон ва сарояндагони Осиёи Миёна ва Қазоқистон (1969) дар Алмаато ва умумииттифоқи дар Минск (1976),
  • Ордени “Шараф”,
  • Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва соҳавӣ қадр карда шудааст.[3]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Сабзалиева Оятбегим // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 550. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 330. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)
  3. Cомонаи театр Оятбегим Сабзалиева(пайванди дастнорас)