Оқкӯл — кӯлест дар Помири ғарбӣ, дар ҳудуди ноҳия Шуғнони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оқкӯл
Макон
Кишвар
МинтақаВилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дар нишебии шимоли канори шарқии қаторкӯҳи Шуғнон, дар саргаҳи дарёи Увалисой шохоби рости дарёи Туққузбулоқ, ҳавзаи Қунд воқеъ гаштааст. Оби кӯл ширину мусаффо буда, зимистон ях мебандад. Баландии кӯл аз сатҳи баҳр 4450 м. Оқкӯл дар натиҷаи кӯчидани кӯҳпора ва банд шудани пеши дарё ба вуҷуд омадааст. Поёнтар аз Оқкӯл дар водии дарёи Увалисой як қатор кӯлҳои хурд мавҷуданд, ки калонтарини онҳо Чуқуркӯл мебошад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 127. — 470 с.(тоҷ.)