Палиашвили Захарий
Палиашвили Захарий Петрович (1871-1933) — композитори барҷаста ва омӯзгори гурҷӣ. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Гурҷистон (1925).
гурҷӣ: ზაქარია პეტრეს ძე ფალიაშვილი | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | гурҷӣ: ზაქარია ფალიაშვილი |
Таърихи таваллуд | 4 (16) август 1871[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 6 октябр 1933[2][1] (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ |
Сабк | опера |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПалиашвили таҳсили ибтидоии мусиқиро аз бародари калониаш И. Палиашвилӣ гирифт. Солҳои 1900-03 фанҳои мусиқӣ-назариявиро бо роҳбарии С.И.Танеев дар Консерваторияи Маскав омӯхт. Аз соли 1903 дар ҳаёти мусиқии Гурҷистон фаъолона иштирок кардааст. Ҳамчун органнавоз (арғунун) ва дирижёр дар консертҳо баромад дошт. Ӯ яке аз ташкилкунандагони ҷамъияти филармонияи Гурҷистон буд (1905), дар назди он кор ва оркестро ташкил карда, директори мактаби мусиқӣ дар назди ҷамъият буд (1908-ё917). Сурудҳои халқии гурҷиро омӯхта, гирд овард. С. 1910 «Маҷмӯаи сурудҳои халқии гурҷиро…» (40 суруд; бо фам. Палиев аз чоп баромад), инчунин маҷмӯаи такмили «Ҳашт сурудҳои халқии гурҷӣ». Аз соли 1917 дар Консерваторияи Тбилиси таълим додааст (аз с.1919 профессор; дар 1919, 1923 ва 1929-1932 директор). Дар мероси эҷодии Палиашвили операҳои ӯ «Абесалом ва Этери» ва «Даиси» мавқеи муҳим доранд. Театри опера ва балети Гурҷистон ба номи Палиашвили мебошад (1937). Дар с.1971 Ҷоизаи давлати Гурҷистон дар соҳаи санъат ба номи Палиашвили муқаррар карда шудааст.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Палиашвили Захарий Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.295. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)