Памела Андерсон
Памела Денис Андерсон (англ. Pamela Denise Anderson) — ҳунарпешаи синамои ИМА.
Pamela Denise Anderson | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Pamela Denise Anderson |
Таърихи таваллуд: | 1 июл 1967[1][2][3][…] (57 сол) |
Зодгоҳ: | Ледисмит, Бритиш Колумбиа, Канада |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша |
Солҳои фаъолият | 1989 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
pamelaanderson.com(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПамела Денис Андерсонякуми июли соли 1967 дар шаҳри Ледисмити музофоти Бритиш Колумбияи Канада ба дунё омадааст. Падари ӯ таъмиргар ва модараш пешхидмати тарабхонае будааст. Муддате чанд ӯ бо номи Памела Андерсон Лӣ машҳур буд. Ӯ ҳам шаҳрванди Канада ва ҳам шаҳрванди ИМА мебошад. Бобои падарии Памела финландӣ буда, соли 1908 ба Канада ҳиҷрат намудааст.
Памела соли 1985 мактаби миёнаи Ҳайландро хатм менамояд. Се сол пас оилаи онҳо ба шаҳри Ванкувер меояд. Дар ин ҷо ӯ ба ҳаёти шаҳр одат мекунад ва чанде ба ҳайси мураббии фитнесс кор мекунад. Тобистони соли 1989, Памела Андерсон бо дӯстонаш ба варзишгоҳ барои тамошои бозии футбол меоянд. Дар ин ҷо акси Андерсон ба экрани калон меафтад ва тамошобинон ба ӯ кафкӯбӣ мекунанд. Баъд аз ин ширкати пивопазие, Памеларо ба иштирок варзидан дар ба наворгирии реклама даъват мекунад. Чанд пас, ӯ дар соҳаи реклама дар Канада хеле машҳур мегардад ва ба шаҳри Лос-Анҷелес барои дар ИМА ҳам шуҳрат ёфтан меояд.
Баъд аз чанд иштироки санҷишӣ дар шоуҳои телевизонии гуногун, Памеларо барои иштирок дар телесериали "Наҷотдиҳандагони Марибу" даъват мекунанд. Сериал ба тамошобинон ниҳоят писанд омад. Онро ҳатто аҳли оилаи шоҳигарии Подшоҳии Муттаҳида низ тамошо мекарданд. Вале то ҳол дар синамои калон ба Памела душворӣ вуҷуд дорад. Бо вуҷуди зоҳири зебо доштан, Памела Андерсон натавонист ба ҷодаи синамои аслии пурраметраж дохил шавад. Ӯро дар ягон филме даъват намекарданд. Вале Памела Андерсон шуҳрати худро дар телевизион гум накард. Телесериали навбатӣ бо иштироки ӯ - V.I.P. низ хеле машҳур гардид.
Памела ба зебоӣ ва солимии бадани худ бисёр диққат медиҳад. Ба гуфти ӯ ин сармояи асосии ӯст. Ӯ чандин маротиба барои намуди зоҳирияшро тағйир додан ҷарроҳӣ шудааст ва бояд қайд намуд, ки ҳуснаш аз ин коста нагардидааст.
Дар ҳаёти оилавии Памела Андерсон он қадар хушбахт нест. Ӯ бо ҳунарпешагон Дэвид Чарвет, Брет Майклос, Силвестр Сталлоне ишқварзӣ мекард. Соли 1995 Памела бо мусиқинавози гурӯҳи "Мотлӣ Крю" – Томмӣ Лӣ шинос мешавад. Пас аз панҷ соли вохӯрӣ онҳо хонадор мешаванд. Онҳо соҳиби ду фарзанд - Брендон ва Ҷаггер мегарданд. Вале шавҳари Пэм дорои феъли бад буд, ба завҷааш пайваста рашк мекард ва ӯро лату кӯб мекард. Косаи сабри Памела лабрез шуд. Бо қарори суд онҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва Томмӣ Лӣ барои амали содиркардааш шаш моҳ ба маҳбас нишаст.
Соли 2004 Памела Андерсон китоберо бо номи "Ситора" бо ҳаммуаллифии Эрик Шоу Квинн таълиф намуд. Дар он ӯ дар бораи наврасе, ки шуҳратманд шудан мехост, навишта шудааст. Баъд аз ин, ӯ ба саёҳати ИМА баромад ва ба мухлисони бешумораш соядастҳо тақдим менамуд. Китоби дуюмаш ба ҳаёти оилавии онҳо бо Томмӣ Лӣ бахшида шудааст.[5].
Эзоҳ
вироиш- ↑ L'Encyclopédie canadienne, The Canadian Encyclopedia (ингл.)
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=845 (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 https://newsfeed.time.com/2013/08/21/they-live-among-us-10-canadians-who-became-americans/slide/pamela-anderson/
- ↑ Памела Андерсон оказалась русской(пайванди дастнорас)