Меликова Парвина Иноятуллоевна - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI.

Парвина Меликова
Меликова Парвина Иноятуллоевна
Таърихи таваллуд: 30 декабр 1972(1972-12-30) (51 сол)
Зодгоҳ: Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Меликова Парвина Иноятуллоевна 30 декабри соли 1972 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Миллат тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии омўзгори Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос -забони англисӣ. Узви ҲХДТ. “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

  • Солҳои 1996-1998 Омӯзгори фанни забони англисӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаиумумии № 10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1998-2009 Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар МТМУ № 10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2009-2011 Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2011-2014 Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2014-2016 Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Аз соли 2018 то 2020. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма вироиш