Парвонахон Ҷамшедов
Парвонахон Ҷамшедов — олим филолог-забошинос, доктори илми филология (1986), профессор, (1987), Узви Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия (АСПН), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000). Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999)
Парвонахон Ҷамшедов | |
Таърихи таваллуд | 20 март 1943 (81 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шуғнон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | забоншиносӣ |
Ҷойҳои кор | ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе, Донишгоҳи шаҳри Лондон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор, академик |
Алма-матер | ДДО ба номи Т.Г.Шевченкои ш.Душанбе |
Маъруф ба |
|
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999) |
Зиндагинома
вироишПарвонахон Ҷамшедов 20 марти соли 1943 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.
- 1968 Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченкоро хатм кардааст,
- 1968—1972 — устоди кафедраи фонетика ва лексикаи Донишгоҳи давлатии педагогии Душанбе ба номи Шевченко;
- 1969—1972 — муовини декани донишгоҳи мазкур оид ба кори таълим;
- 1972—1974 — аспиранти Институти забоншиносии бахши Академияи илмҳои ИҶШС дар ш.Ленинград;
- 1974 рисолаи номзадиро дар институти мазкур дифоъ кард;
- 1974—1980 — декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии педагогии Душанбе ба номи Шевченко;
- 1974—1991 — мудири кафедраи типологияи забоншиносии донишгоҳи номбурда;
- 1986 — рисолаи докториро дар ш. Москва дар Институти забоншиносии Академияи илмҳои ИҶШС дифоъ намуд;
- 1987 — ба унвони профессорӣ мушарраф шуд;
- 1988—1991 — котиби партиявии Донишгоҳи давлатии педагогии Душанбе ба номи Шевченко;
- 1991—1995 — профессори Донишгоҳи шаҳри Лондон;
- 1995—1998 — мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, ;
- 1998—2003 — мудири кафедраи типологияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;
- 2003—2005 — Ректори Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон, ш Душанбе;
- 2005—2013 — мудири кафедраи забони англисӣ ва забоншиносии типологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон;
- Аз соли 2013 — профессори кафедраи забони англисӣ ва забоншиносии типологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятӣ
вироишМавзӯъҳои татқиқотии П. Ҷамшедов марбут ба таърихи бостон, забон, фарҳанг, мардумшиносӣ, омӯзгорӣ мебошанд. П. Ҷамшедов дар тӯли фаъолияти илмиаш 4 монография, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ ва миёна, ду ҷилди Фарҳанги забони тоҷикӣ - англисиро дастраси забономӯзон гардонид.Дар таҳти роҳбарии ӯ 65 нафар рисолаи номзадӣ ва 5 нафар рисолаи докториро дифоъ кардаанд, ки 7 нафарашон хориҷиён аз кишварҳои Нигерия, Англия, Эрон, Русия мебошанд.Дар тӯли фаъолият дар 120 симпозиум ва конференсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои ИМА, Англия, Франсия, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Албания, Куба, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Сингапур, Япония, Чин, Олмон, Испания, Португалия маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Ҷамшедов чунин корҳои ҷамъиятиро бар зимма дорад:
- Раиси ассотсиатсияи муаллимони забони англисии ҶТ;
- Раиси иттифоқи англисизабонони ҶТ;
- Ҷонишини раиси садорати ҷамъияти «Пайванд»;
- Раиси ҷамъияти дӯстдорони фарҳанги бостон;
- Аъзои Бунёди забони тоҷикӣ;
- Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ - оммавии «Ирано-Славики» (Москва), «Забоншиносӣ» (Тоҷикистон), «Фарҳанг» (Тоҷикистон),«Вопросы английской филологии» РТСУ, «Ахбороти Академияи илмҳои ҶТ» (ҷонишини сармуҳаррир).
Фаъолияти тарҷумонӣ
вироишҲамчун тарҷумон асарҳои зеринро тарҷума кардааст:
- Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
- Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба тамаддуни ориёӣ» (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
- Н.Умарзода «Ориёиҳо», 2 ҷилд (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
- Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», 2 ҷилд (аз тоҷикӣ ба англисӣ);
- «Ҳазор ихтирооти мусулмонҳо» (аз англисӣ ба русӣ);
- Умари Хайём «Наврӯзнома» (аз тоҷикӣ ба англисӣ).
Осор
вироиш- Имитативы в современном английском языке. — Душанбе, 2002;
- Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ бо роҳнамои вожагони тоҷикӣ. — Душанбе, 2005;
- История английского языка — Душанбе, 2008;
- Курс страноведения. — Душанбе, 2009;
- Таджикско-английский словарь. — Душанбе,2009;
- Страноведение. — Душанбе, 2009;
- Вульгаризмы в системе лексики английского языка — Душанбе, 2010;
- Англо-таджикский политический словарь. — Душанбе, 2011.
Мукофот
вироиш= Адабиёт доир ба Парвонахон Ҷамшедов =
вироиш- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
- Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016, с. 147-148.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011. - 386 стр. 5 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2015.
- ↑ Состав кафедры, Джамшедов Парвона Джамшедович. 2 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 май 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |