«Парем» — гурӯҳи фолклор-роки тоҷик аст[1], ки соли 1993 дар заминаи ансамбли вокалӣ- инструменталии «Бойчечак», дар Хонаи Пионерони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ташкил шудааст.

Парем
Иттилооти асосӣ
Жанр
Солҳо 1993 — то ҳол
Кишвар  Тоҷикистон
Шаҳр Душанбе
Аз куҷо Душанбе
Забон Тоҷикӣ, Англисӣ, Русӣ
Лейбл JC Records Studio
Ҳайат Олим Ширинов, Собир Аминов, Шавкат Муллоджонов.
Аъзои
пешин
Наргис Муминова, Владислав Нечипуренко, Фейруз Хакимов, Мақсуд Таиров, Нодир Шарипов, Евгений Тенгизбаев, Алишер Сайфуллоев, Фаррух Худойбердыев, Хакимҷон Хазратқулов, Султон Имомов, Далер Султонов, Алишер Зариков .
facebook.com/paremgroup
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Гурӯҳи «Парем» моҳи марти соли 1993 аз ҷониби Владимир Юматов, Олим Ширинов, Фейруз Ҳакимов ва Алишер Зариков таъсис дода шудааст.

Сафи аввали гурӯҳ иборат буд аз:

  • Владимир Юматов — овозхон, барабаннавоз
  • Олим Ширинов — овозхон, бас-гитаранавоз
  • Фейруз Хакимов — овозхон, ритм-гитаранавоз
  • Алишер Зариков — соло-гитаранавоз
  • Нечипуренко Владислав — асбобҳои клавишӣ
  • Наргис Муминова — овозхон

Гурӯҳи «Парем» аввалин консертҳои худро дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баргузор кард. Инҳо консертҳои хонагӣ ва намоишҳо дар мактабҳо ва клубҳои хурди Душанбе буданд.

Моҳи майи соли 1993 Олим Ширинов бинобар муноқиша бо Владимир Юматов гурӯҳро тарк кард ва гурӯҳи битии «Камчатка» -ро роҳбарӣ кард, ҷои ӯро дар басс-гитара Мақсуд Таиров, дӯсти деринаи гурӯҳ, ки дар ҳайати «Бойчечак» бози мекард ишғол кард.

Моҳи июни соли 1993 Фейруз Ҳакимов гурӯҳи «Парем» -ро тарк кард ва бо пешниҳоди Олим Ширинов ба гурӯҳи «Камчатка» пайваст шуд, ҷои ӯро дар гурӯҳ Алишер Сайфуллоев ишғол кард. Аз баҳори соли 1993 то 1995, гурӯҳи «Парем» давра ба давра дар «Рок панорамаҳо» бо сурудхои бо забони руси, ки онҳоро Владимир Юматов месароид, ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли 1994 Наргис Муминова гурӯҳро тарк кард. Ҳоло вай дар Олмон зиндагӣ мекунад.

Соли 1995 — соли ҳалкунанда барои ояндаи гурӯҳ гардид, аввалин сурудҳо бо забони тоҷикӣ дар репертуари «Парем» пайдо шудан гирифтанд, ки Алишер Сайфуллоев ба эҷод ва иҷро кардани онҳо шурӯъ кард.

Дар аввали соли 1995, Владимир Юматов гурӯҳро тарк кард ва Олим Ширинов ҳамчун роҳбари гурӯҳ ва продюсери мусиқавӣ ҷой гирифт. Гурӯҳи «Парем» услуби худро ба таври куллӣ тағйир дода, истифодаи асбобҳои клавишӣ тарк карда, рок-н-ролл ва роки фолклориро ҳамчун услуби асосӣ интихоб кардааст[2].

Дар баҳори соли 1995, Собир Аминов ба ҳайси ритм-гитаранавоз ба гуруҳ ҳамроҳ шуд.

 
Сарпӯши албоми «Why Love» (Ай чаро ишқ)

Моҳи майи соли 1996 гурӯҳи «Парем» албоми аввалини худ — «Why Love»-ро сабт кард.

Дар сабти албом инҳо иштирок карданд: Гурӯҳи «Парем»:

  • Алишер Сайфуллоев — овозхон, ритм-гитаранавоз
  • Олим Ширинов — овозхон, барабаннавоз, продюсери мусиқавӣ
  • Алишер Зариков — соло гитаранавоз
  • Мақсуд Таиров — бас-гитаранавоз
  • Аминов Собир — ритм-гитаранавоз

Ҳайати студияи сабти мусиқи ва овоз:

  • Зураб Кокоев[3] — коргардони овоз
  • Владимир Юматов — барномасозии қисми барабанҳо

Илова бар сурудҳои муаллифии гурӯҳи «Парем», албом боз 2 суруди гуруҳи «The Beatles» — Things We Said Today ва The Long and Winding Road-ро дарбар мегирад. Сурудҳои «The Beatles» аз замони таъсисёбии гуруҳи «Парем» қисми ҷудонашавандаи тамоми баромадҳои гурӯҳ мебошанд, ки аз ин лиҳоз мусиқинавозони гуруҳро аксар вақт «Битлзи Душанбеги» меноманд[4][5].

Муаррифии албоми аввали гурӯҳ 15 июни соли 1996 дар саҳнаи Театри академии Руси ба номи В. Маяковский баргузор гардид. Суруди сарлавҳаи албом — Ай чаро ишқ, фавран ба хитҳои рақами 1 дар Тоҷикистон табдил меёбад.

Соли 1996 Мақсуд Таиров гурӯҳро тарк кард ва Собир Аминов бас-гитаранавози гурӯҳ шуд.

Дар соли 1997, гурӯҳи «Парем» суруди «Медони ё не»-ро сабт мекунад. Суруд фавран хеле машҳур мешавад ва то имрӯз аломати фарқкунандаи гурӯҳи «Парем» боқӣ мондааст.

Моҳи декабри соли 1998, бинобар машрубот, Алишер Сайфуллоев гурӯҳро тарк кард. Ҷои ӯро дар гурӯҳ ҳамчун ритм-гитаранавоз Ҳакимҷон Ҳазратқулов мегирад ва Собир Аминов овозхони асосии гурӯҳи Парем мешавад.

 
Сарпӯши албоми «Дишаб»

Дар охири соли 1999 албоми дуюми гурӯҳ бо номи «Дишаб» мебарояд. Ҳамаи сурудҳои ин албомро Собир Аминов эҷод кардааст.

Албоми «Дишаб» дар cтудияи давлатии «Хонаи радио»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таркиби зерин сабт шудааст:

  • Собир Аминов — овозхон, бас-гитаранавоз
  • Олим Ширинов — барабаннавоз, овозхон, продюсери мусиқавӣ
  • Алишер Зариков — соло-гитаранавоз
  • Хакимҷон Хазратқулов — ритм-гитаранавоз

Навозандаи ҷалбшуда:

  • Зариф Пулодов[6][7] — зарбнавоз
  • Коргардони овоз: Владимир Шлыков

Муаррифии албоми «Дишаб» рӯзҳои 4 ва 5 декабри соли 1999 дар саҳнаи маҷмааи консертӣ ба номи Борбад барузор гардид[8].

Соли 2000 ба гурӯҳ Далер Султонов дохил шуд, аввал ҳамчун зарбнавоз ва баъдан ҳамчун гитаранавоз ва овозхон.

Моҳи сентябри соли 2001 гурӯҳи «Парем» ҳамроҳи гурӯҳи «Фарзин» ба Олмон сафар мекунанд ва дар он ҷо гурӯҳҳо дар шаҳри Гиссен консерти муштарак медиҳанд[9].

Соли 2004 ба гурӯҳ зарбнавоз Фаррух Худобердиев шомил мешавад.

24 июли соли 2011 гурӯҳи «Парем» бори аввал дар Маскав, дар саҳнаи клуби «Б2»-и пойтахт баромад кард[10][11].

Рузи навбати пас аз консерт, ровиёни шоу-барномаи саҳарии радиои давлатии Маяк — «Стиллавин ва дӯстони ӯ» — Сергей Стиллавин ва Рустам Воҳидов, баромади гурӯҳи «Парем» -ро танқид карда, аз муҳокимаи репертуари гурӯҳ ба таҳқири мустақим дар заминаи миллатпарастӣ гузаштанд, ки ҳамовозии бузургеро дар матбуоти русия, тоҷик ва ҳам дар хориҷа ба амал овард[12][13][14][15][16][17].

 
гурӯҳи «Парем» 2021


24 августи 2011 барандагони радиои "Маяк" Сергей Стиллавин ва Рустам Воҳидов аз гурӯҳи «Парем» узр хостанд[18][19].

Дар соли 2012 Фаррух Худойбердиев гурӯҳро тарк кард ва ҷои ӯро дар гурӯҳ зарбнавоз Шавкат Муллоҷонов, ки асосан дойра менавохт, гирифт.

Моҳи сентябри соли 2012 гурӯҳи Парем дар Маскав ва вилояти Маскав як қатор консертҳо баргузор намуд[20].

Рӯзи душанбе, 29 апрели соли 2013, дар беморхонаи шаҳрии клиникии Душанбе, пас аз бемории кӯтоҳ, гитаранавози гурӯҳи «Парем» Ҳакимҷон Ҳазратқулов аз олам даргузашт[21]. Моҳи июли соли 2013 табиби Ҳакимҷон Ҳазратқулов ба ҳабс гирифта шуд[22].

Тобистони соли 2013 ҷои Ҳакимро дар гурӯҳ Султон Имомов ишғол кард, ки қаблан дар гурӯҳи Шабдез бозӣ мекард.

Соли 2014 Алишер Сайфуллоев бо сабаби ба манзили доимӣ дар Прага (Чехия кӯчидани оилааш ниҳоят гурӯҳи «Парем»-ро тарк кард.

Соли 2018 Фейрӯз Ҳакимов ба гурӯҳ баргашт, аммо ба вижагиҳои кори дастаҷамъона дар дохили «Парем» тоб наоварда, соли 2019 гурӯҳро тарк кард. Аммо ба ӯ муяссар шуд, ки дар сабти таронаи "Майзор" ширкат варзида, қисми найро дар гитарае, ки ба синтезатори гитара пайваст шудааст, менавозад.

23 ноябри соли 2019, дар бинои «Суруш холл», консерти солгарди гурӯҳи «Парем» бахшида ба 25 солагии таъсисаш - «25+1» баргузор гардид.»[23]. 1 майи соли 2021 нахустнамоиши онлайни видеоверсияи консерт дар канали расмии гурӯҳи «Парем» дар YouTube баргузор шуд[24].

6 июни соли 2022 Алишер Зариков ба хулосае омад, ки “Парем»-ро тарк кунад, гуруҳ дар ин бора дар саҳифаҳои Facebook[25] ва Instagram-и[26] худ ба мухлисонаш хабар додааст.

Моҳи июни соли 2022 Фейрӯз Ҳакимов соло-гитарнавози гурӯҳи «Парем» мегардад.

 
«JC Records Studio»
Аз моҳи декабри соли 1999 гурӯҳи «Парем» ҳамаи сурудҳои худро дар студияи «JC Records Studio»[27] сабт мекунад, ки муҳандиси садо ва соҳиби он Олим Ширинов мебошад.

Аъзои гурӯҳ

вироиш

Ҳайати кунунии гурӯҳ

вироиш
  • Олим Ширинов — барабаннавоз, овозхон, продюсери мусиқавӣ
  • Собир Аминов — овозхон, бас-гитаранавоз
  • Фейруз Хакимов — соло-гитаранавоз, асбобхои тордор
  • Шавкат Муллоҷонов — дойра

Аъзои пешинаи гурӯҳ

вироиш
  • Наргис Муминова — овозхон (1993—1994)
  • Владислав Нечипуренко — асбобҳои клавишӣ (1993)
  • Мақсуд Таиров — бас-гитара навоз
  • Нодир Шарипов — тавлак (1996—1998)
  • Евгений Тенгизбаев — кларнет (1997—1998)
  • Алишер Сайфуллоев — овозхон, гитаранавоз (1994—1998), (2007—2014)
  • Фаррух Худойбердыев — асбобҳои зарби (2005—2012)
  • Хакимҷон Хазратқулов — ритм-гитаранавоз, гитараи акустикӣ (1999—2013)
  • Султон Имомов — ритм-гитаранавоз (2013—2017)
  • Далер Султонов — асбобҳои зарби, табла, (2001—2005), гитаранавоз, гитараи акустикӣ, овозхон (2013—2019)
  • Алишер Зариков — соло-гитаранавоз (1993-2018), (2019-2022)

Ҷадвали замонӣ

вироиш

Ҷоизаҳо

вироиш
  • 31 январи соли 1998 гурӯҳи «Парем» барандаи дипломи ҷоизаи «СОНЕЪ» дар номинатсияи «Беҳтарин дебюти сол» гардид, ки аз ҷониби филиали БШСС «МИР»[ru] дар Тоҷикистон ташкил шуда буд.[28].
  • 19 декабри соли 1999 гурӯҳи «Парем» лауреати озмуни «Оҳангҳои асри гузашта» дар номинатсияи «Nostalgi» гардид, ки онро Институти «Ҷамъияти Кушода» — Фонди Мадад ташкил шуда буд.
  • 15 майи соли 2004 гурӯҳи «Парем» бо суруди «Танҳо дар ёд» лауреати озмуни «Суруди сол 2004» гардид, ки аз ҷониби ширкати телевизион ва радиои «Азия-Плюс» ташкил шуда буд.[29].
  • 21 майи соли 2005 гурӯҳи «Парем» бо суруди «Ай Гулак» лауреати озмуни «Суруди сол 2005» гардид, ки аз ҷониби ширкати телевизион ва радиои «Азия-Плюс» ташкил шуда буд[30][31].
  • Соли 2016 гурӯҳи «Парем» бо суруди «Ало гул» лауреати озмуни «Суруди сол 2016» гардид, ки аз ҷониби холдинги «Ориёно-Медиа» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд[32].
  • 11 декабри соли 2021 гурӯҳи «Парем» бо суруди «Ошиқи зорам» лауреати озмуни «Ҷоизаи мусиқавии Tarona — 2021» (Tarona Music Award 2021) гардид, ки аз ҷониби ширкати телевизион ва радиои «Азия-Плюс» ташкил шуда буд[33][34].

Таронашиносӣ

вироиш

Албумҳо

вироиш
Why Love (Ай чаро ишқ) — 1996 г.
НомМатни таронаОҳанг Дарозиш
1. «Бар диёри ман» Алишер СайфуллоевАлишер Сайфуллоев 3:02
2. «Things We Said Today» Джон Леннон[ru] & Пол Маккартни[ru]Джон Леннон & Пол Маккартни 2:52
3. «Ай чаро ишқ» Алишер СайфуллоевАлишер Сайфуллоев 3:14
4. «На тающем небе» Олим ШириновОлим Ширинов 3:10
5. «Оби равон» Алишер СайфуллоевАлишер Сайфуллоев 3:35
6. «Мавҷи дарё» Муаллифи номаълумАлишер Сайфуллоев 3:15
7. «The Long And Winding Road» Джон Леннон & Пол МаккартниДжон Леннон & Пол Маккартни 3:16
8. «Суруди дили ман» Алишер СайфуллоевАлишер Сайфуллоев 3:06
9. «Нома» Алишер СайфуллоевАлишер Сайфуллоев 4:29
10. «Ситораи ман» Собир АминовСобир Аминов 3:36
11. «More Than Words» Гэри Чероне[en] & Нуно Беттанкур[ru]Гэри Чероне & Нуно Беттанкур 4:19
12. «Нигоро» мардумӣмардумӣ 3:46
13. «Бевафо» гурӯҳи «Парем»Олим Ширинов 1:50
14. «Осень» Олим ШириновОлим Ширинов 2:44
Дишаб — 1999 г.
НомМатни таронаОҳанг Дарозиш
1. «Дишаб» Собир АминовСобир Аминов 3:50
2. «Сарвиноз» Собир АминовСобир Аминов 3:17
3. «Лайлӣ» Собир АминовСобир Аминов 2:54
4. «Гул бе рухи ёр» ҲофизСобир Аминов 3:27
5. «Ту куҷо» Собир АминовСобир Аминов 2:54
6. «Маҳинамоҳ» Собир АминовСобир Аминов 2:35
7. «Танҳо дар ёд» Собир АминовСобир Аминов 3:36
8. «Алғиёс» ҲофизСобир Аминов 3:22
9. «Ҷонам» Собир АминовСобир Аминов 4:29
10. «Биё имшаб» Собир АминовСобир Аминов 3:32

Такоҳангҳо

вироиш
Сол Ном Оҳанг Матни тарона
1996 Гули ман Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
1996 Медони ё не Собир Аминов Алишер Сайфуллоев
1997 Лайло Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
1997 Ба Худо Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
1997 То ба кай сузам гурӯҳи номаълуми Малайзия Алишер Сайфуллоев
1997 Дар ёди ман Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
1998 Омадаст Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
1999 Baby It’s You Лютер Диксон[en] ва Мак Дэвид[en] Берт Бакарак[ru]
2001 Twist & Shout Фил Медли[en] ва Берт Бёрнс[en] Фил Медли ва Берт Бёрнс
2001 Моҳи тобон Собир Аминов Собир Аминов
2003 Танҳо дар ёд (гурӯҳи «Парем» ва Дилноза Акрамова) Собир Аминов Собир Аминов
2004 Ай гулак Собир Аминов Собир Аминов
2006 О, Лайлӣ Собир Аминов Собир Аминов
2006 Ёри ман Далер Султонов Далер Султонов
2010 Нигорам Собир Аминов Собир Аминов
2011 Ҷонона баро ба рақс Собир Аминов Собир Аминов
2011 Биё биё ҷонона Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
2012 Ай боди сабо Алишер Сайфуллоев Алишер Сайфуллоев
2018 Маёзор Собир Аминов Собир Аминов
2019 Дар Дилум Собир Аминов Собир Аминов
2021 Нару нару Собир Аминов Собир Аминов
2022 Эй, биё эй Собир Аминов Собир Аминов
2022 Ҷонона Собир Аминов Собир Аминов
2022 Дусташ Собир Аминов Собир Аминов
  1. Роки тоҷик чӣ гуна ва чӣ гуна зиндагӣ мекунад?(рус.). mir24.tv. 2021/0901 санҷида шуд.
  2. Чем живет таджикский рок-н-ролл? — Олим Ширинов(рус.). centrasia.org. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  3. Человек с тремя родинами. Зурабу Кокоеву — 60 лет(рус.). asiaplus.info. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  4. Битломаны Центральной Азии поют песни The Beatles(рус.). 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  5. 16 ЯНВАРЯ — ВСЕМИРНЫЙ ДЕНЬ THE BEATLES. Это праздник битломанов всего мира, они есть и в Таджикистане, кто исполняют песни легендарной четверки(рус.). khovar.tj. 1 сентябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 июли 2021.
  6. Зариф Пулодов: «Вся наша жизнь состоит из звуков»(рус.). rus.ozodi.org. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  7. Зариф Пулодов: «Вся наша жизнь состоит из звуков»(рус.). novosti-tadzhikistana.ru. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  8. Презентация второго альбома группы «Парем» — Дишаб(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  9. Выступление «Парем» в Германии(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  10. «Парем» едет с первым концертом в Москву(рус.). rus.ozodi.org. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  11. Группа «Парем» выступила в Москве(рус.). asiaplustj.info. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  12. Таджикистан потребовал извинений от Стиллавина и радио «Маяк»(рус.). vz.ru. 12 Декабри 2021 санҷида шуд.
  13. Шокирующие шутки на московском радио вызывают возмущение у Душанбе(рус.). inosmi.ru. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  14. Таджикистан возмущен шутками Стиллавина над рокерами(рус.). bbc.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  15. Таджиков возмутили шутки российских радиоведущих(рус.). bbc.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  16. Таджикская рок-группа «Парем» потребовала извинений у ведущих радио «Маяк»(рус.). svesta.tj. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  17. Фанатичное заступничество, или почему важно таджику уметь бороться за справедливость(рус.). vecherka.tj. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  18. Группа «Парем» потребовала извинений от ведущих радиостанции «Маяк»(рус.). asiaplustj.info. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  19. Извинение Стиллавина и Вахидова перед группой «Парем»(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  20. Группа «Парем» даст гастрольный тур в России(рус.). vecherka.tj. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  21. Скончался гитарист группы «Парем»(рус.). asiaplustj.info. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  22. В Таджикистане задержан врач, лечивший скончавшегося в апреле музыканта известной в стране группы «Парем»(рус.). dialog.tj. 1 сентябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июли 2021.
  23. Анонсы событий на 23 ноября 2019(рус.). asiaplustj.info. 1 феврали 2022 санҷида шуд.
  24. «Парем» в "Суруш Холл" (23/11/2019)(рус.). youtube.com. 1 феврали 2022 санҷида шуд.
  25. Алишер Зариков покидает группу «Парем»(рус.). facebook.com. 8 июни 2022 санҷида шуд.
  26. Алишер Зариков покидает группу «Парем»(рус.). instagram.com. 8 июни 2022 санҷида шуд.
  27. «JC Records Studio» ISNI ID(рус.). isni.org. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  28. Вручение группе «Парем» музыкальной премии «Сонеъ», в номинации «Лучший дебют года»(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  29. «Суруди сол — 2004»(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  30. «Суруди сол — 2005»(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  31. Суруди Сол — 2005: это по-нашему! Праздник таджикской музыки удался(рус.). centrasia.org. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  32. Гр. "Парем — Суруди сол 2016(рус.). youtube.com. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  33. Дневник церемонии Tarona-2021: Что споют Мадина, Нигина, «Парем» и Дамирбек(рус.). asiaplustj.info. 12 Декабри 2021 санҷида шуд.
  34. В Душанбе началось главное музыкальное событие года от «Азия-Плюс» - Tarona Music Award(рус.). asiaplustj.info. 12 Декабри 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо

вироиш