Партитура (итол. partitura - тақсим намудан) — якҷоя ба нота навиштани асари мусиқии бисёровоза барои оркестр, хор ё ансамбли камеравӣ, ки овозҳои алоҳидаи хор ё созҳо сатр ба сатр дар як варақ ҷой дода мешаванд. Дар Партитураҳои ҳозира тартиби ҷойгиршавии овозҳо муайян аст: дар Партитураҳои хорӣ аз боло овозҳои занона (сопрано, алт), аз поён овозҳои мардона (тенор, бас) ҷойгир шудаанд; дар оркестри симфонӣ бошад бо гурӯҳҳо: аз боло ба поён созҳои нафасии чӯбин, нафасии мисин, зарбӣ ва торӣ ҷойгир мебошанд; агар дар асари оркестри симфонӣ солистҳо ё хор ҳамроҳ карда шаванд, партияи онҳо аз болои партияҳои созҳои торӣ ҷой дода мешаванд (чунин тарз дар партитураҳои операвӣ низ қобили қабул аст). Дар Партитураҳои барои дигар ҳайатҳо (оркестри эстрадӣ, оркестри нафасӣ, оркестри созҳои халқӣ) одатан ҳамон қоидаҳо (принсип) ба кор бурда мешаванд: дар боло партияҳои созҳои регистри баланддор, аз поён – созҳо бо регистри паст навишта мешаванд.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.296. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)