Пасояндҳои номӣ
Ба гурӯҳи пасояндҳои номӣ ва зарфӣ ё ғайриаслӣ чунин калимаҳо дохил мешаванд: пеш, пас, қабл, муқаддам, баъд, қатӣ, замон, ҳамон, эътиборан, боз: Якчанд сол муқаддам ба ман тамошои он муяссар шуда буд (Аминҷон Шукӯҳӣ); Омадан пас чӣ кор кардед? (Раҳим Ҷалил); Гоҳо як дасташ қатӣ чашмони хок пуршудаашро молида пок мекард (Абдусалом Деҳотӣ); Аз ҷуфтронӣ омадан замон ба сари хирман рав (Садриддин Айнӣ); Дирӯз инҷониб, аз соате, ки ба дидори ту расидам, дар олам хушбахттар аз ман одаме нест (Фазлиддин Муҳаммадиев); Панҷоҳ сол боз меҳнат мекунам (Раҳим Ҷалил).
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе: Дониш, 1985. - сах.309