Пирназар Юсуфов (30 октябри 1933, ноҳияи Рашт) — ҳунарпешаи сирк, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1969), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1979)

Пирназар Юсуфов
Таърихи таваллуд 30 октябр 1933(1933-10-30) (91 сол)
Зодгоҳ
Пеша ҳунарманди сирк
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Соли 1952 ба Самарқанд рафта, дар корхонаи катбарорӣ ба кор даромад ва дар Мактаби шабонаи коргарҷавонон мехонд. Дар ҳамин ҷо сафари артистони сирки Узбекистон сурат гирифт ва бо амри тасодуф узви дастаи «Йигитҳо» гардид, ба зудӣ худро чун ҳунарпешаи истеъдодманд муаррифӣ намуд, дар ҳайати сирки узбек ба шаҳрҳои гуногуни ҷамоҳири шӯравӣ сафарҳо анҷом дод. Соли 1970 ба Тоҷикистон баргашт ва дар Сирки тоҷик ба фаъолият пардохт. Ду сол бо уштурҳо машқ кард, барномаи жонглёрӣ болои уштурро рӯи кор овард ва бо номи «Корвони Помир» ҳамроҳи ҳамсараш Албина номераҳои хеле нодирро пешкаши бинандагон гардонданд. Аввалин ҳунарпешаи сирк буд, ки уштурҳоро ром карда тавонист. Давоми беш аз даҳ сол барномаи «Корвони Помир» дар чандин давлатҳои хориҷӣ намоиш дода шуда, онро «Корвони мӯъҷизот» меномиданд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.