Плимут (англ. Plymouth, айнан— резишгоҳи д. Плим), шаҳр ва бандар дар Британияи Кабир, тобеи графии Девоншир. Дар соҳили гул. Ла-Манш, дар назди резишгоҳи д. Плимут воқеъ аст. Аҳолиаш 251,2 ҳаз. наф. (1974). Плимут базаи ҳарбии баҳрӣ, яке аз марказҳон асосии киштисозии мамлакат мебошад. Соҳаҳои дигари саноаташ: бофандагӣ, моҳигирӣ, коркарди металл ва ғ. Лабораторияи биологии баҳрӣ ва аквариум дорад. Плимут дар садаи XII бунёд ёфтааст.

Нигаред

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: