Плинийи Калон
Плинийи Калон, Гай Плиний Секунд (Gaius Plinius Secundus) (23, 24, Комум, ҳозира Комо—79), нависанда, олим ва арбоби давлатии Рим. Дар музофотҳои тобеи Рум будаи Германия, Галлия, Испания ва Африка хидмат кардааст; дар Мизен армондеҳи флот буд ва ҳангоми оташфишонии вулқони Везувий ҳа-лок гардид. Муаллифи «Таърихи табииёт» ном асарест, ки аз 37 китоб иборат аст. Ин асар як навъ энсиклопедияи донишҳои илмию табиат-шиносии атиқа ба шумор меравад. Маълумотҳоро оид ба астрономия, географияи табиӣ, метеорология, эт-нография, антропология, зоология, ботаника, хоҷагии қишлоқ ва ҷангал, тиб. минералогия, металлургия ва ғ. пайваста бо хикоятҳои фантастикӣ, ривоятҳои хурофотӣ, латифаву мутоибот дар бар мегирад. To a. 17 чун маъхази донишхо дар бораи табиат нстифода мешуд. Таълифоти таърихци П. то замони мо нарасидаанд. Асарҳои таърпхии П.-ро Тацит дар осори таърихиаш истифода намудааст.
лот. Caius Plinius Secundus | |
Таърихи таваллуд: | на пештар аз 23 и на дертар аз 24 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 79[1][2][3][…] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, муаррих, табиатшинос, ходими низомӣ, шоир, файласуф, ҳунаршинос, корманди давлатӣ, фармондеҳи низомӣ |
Забони осор: | лотинӣ[6][7] ва забони юнонии бостон |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Biblioteca Virtual Miguel de Cervantes (исп.) — 1999.
- ↑ 2.0 2.1 Arnaldi F., autori vari Enciclopedia Treccani (итол.) — Istituto dell'Enciclopedia Italiana, 1935.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 autori vari Dizionario di Storia (итол.) / Istituto dell'Enciclopedia Italiana — 2011.
- ↑ 4.0 4.1 Istituto dell'Enciclopedia Italiana Enciclopedia on line (итол.)
- ↑ Diccionario biográfico español (исп.) — Real Academia de la Historia, 2011.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Лу нкевич В. В., От Геракли-та до Дарвина, т. 1, М., 1960.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.