Подабон Зоиров
Подабон Зоиров — доктори илмҳои тиб (1983), профессор (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984).[1]
Подабон Тошматович Зоиров | |
Таърихи таваллуд | 1941 |
Зодгоҳ | Кӯлоб |
Таърихи даргузашт | 4 март 2022 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Академияи илмҳои ҶТ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Ҷоизаҳо | , Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984), Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2000) |
Зиндагинома
вироишПодабон Зоиров, соли 1941 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шуда буд. [2] Подабон Зоиров Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1965), ихтисос – «бемориҳои пӯст». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: дерматовенерология, эпидемиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва бемориҳои венерикӣ. Ассистент (1970-1978), ходими хурди илмӣ (1979-1980), мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикӣ (1983 – то даргузашт), ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино оид ба кори илмӣ (1996-2005). Профессори кафедра (аз с. 2005)
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо ордени «Шараф» дараҷаи II тақдир шудааст.
- Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984).
- Дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2000).[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
- ↑ https://asiaplustj.info/ru/node/309352
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.