Подшоҳии юнонии Бохтар

Подшоҳии юнонии Бохтар (юн. Βακτρία), Подшоҳии юнонии Балх (форсӣ: پادشاهی یونانی بلخ‎) — шарқитарин бахши ҷаҳони юнонӣ дар Осиёи Миёна, як давлати бостонӣ буд, ки аз соли 250 то 125 пеш аз мелод бар бештари Афғонистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва манотиқе аз Эрон, Покистон ва Ҳиндустони имрӯзӣ фармон меронд. Пойтахти ин давлат, шаҳр Балх буд, ки бузургтарин ва ғанитарин шаҳри даврони бостон ба шумор мерафт. Подшоҳи Бохтар бо унвони «имперотуриии ҳазоршаҳри тилоӣ» маъруф аст[1][2][3].

Подшоҳии юнонии Бохтар
подшоҳӣ

250 то м. — 125 то м.



 


Подшоҳии юнонии Бохтар
Пойтахт Бохтар (200,000)
Искандарияи Қафқоз
Аҳолӣ 7 млн наф.
Давомнокӣ
Шоҳаншоҳии Селевкиён
Шоҳаншоҳии Кушониён

Таърих

вироиш

Подшоҳии юнонии Бохтар тақрибан соли 250 то мелод дар натиҷаи таназзули империяи Селевкиён ва аз он ҷудо шудани мулкҳои ҳозираи Осиён Миёна ба вуҷуд омад. Асосгузораш воли (эпарх)-и Бохтар Диодот буд. Диодот ба аъёну ашрофи юнонишудаи маҳаллӣ, ки аз Селевкиён ҷудо шудан мехостанд, такя карда, аз авҷи  ҳаракати озодихоҳии халқҳои Осиёи Миёна бар зидди ҳукмронии Юнону Мақдуния истифода бурд ва худашро шоҳ эълон кард. Минбаъд ҳудуди Подшоҳии юнонии Бохтар дар натиҷаи юришҳои ворисони Диодот (хусусан Деметрийи I) хело вусъат ёфт, вале пояи давлат ноустувор буд. Тақрибан соли 175 то мелод Подшоҳии юнонии Бохтар ба подшоҳиҳои юнонии Бохтар ва юнонии Ҳинд ҷудо шуд. Дар Подшоҳии юнонии Бохтар Евкратид соҳиби тахту тоҷ гардид. Дар аҳди ӯ Подшоҳии юнонии Бохтар охирин давраи тараққиёти худро аз сар гузаронд. Евкратид ба тахт нишаст ва унвони «Сотер» («Наҷотбахш»)-ро гирифта бо ҳамин гуё таъкид кардан мехост, ки вай Бохтарро аз Деметрий наҷот додааст.

Минбаъд у ҳокимияташро дар Бохтар пурзур намуд. Тақрибан соли 155 Евкратидро писараш Гелиокл кушт. Аз нимаи дуюми садаи 2 то мелод давраи инқирози иқтидори сиёсии Подшоҳии юнонии Бохтар фаро расид. Дар аҳди Гелиокл дар натиҷаи болоравии ҳаракати озодихоҳии халқҳои Осиёи Миёна бар зидди ҳокимони юнониибохтарӣ ва аз шим. шарқи мамлакат ҳуҷум кардани йуҷиҳои бодиянишин Подшоҳии юнонии Бохтар байни солҳои 140—130 то мелод барҳам хурд ва ба ҷои он давлати Кушониён таъсис ёфт. Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншинохтӣ бисёр ёдгориҳои археологии давраи Подшоҳии юнонии Бохтар, ба монанди Кайқубодшоҳ, Баҳром, Ойхонум, Саксанохур ва ғайра кашф гардиданд. Робитаи тамаддуни Бохтар бо маданияти бои Ҳиндустон, юнониён ва Шарқи эллинӣ самараи бузург бахшид. Маҳз дар давраи мавҷудияти Подшоҳии юнонии Бохтар дар Осиёи Миёна буддоия паҳн гардид, вале зардуштия мавқеи худро гум накард, зеро аксари аҳолии маҳаллӣ ба вай эътиқод дошт.

  1. Doumanis, Nicholas. (16 Dec 2009) A History of Greece(пайванди дастнорас) Palgrave Macmillan ISBN 978-1137013675 p 64
  2. Baumer, Christoph. (11 Dec 2012) The History of Central Asia: The Age of the Steppe Warriors Бойгонӣ шудааст 19 ноябри 2022  сол. Vol. 1 I.B. Tauris, ISBN 978-1780760605 p 289
  3. Kaushik Roy. ( 28 July 2015) Military Manpower, Armies and Warfare in South Asia Бойгонӣ шудааст 19 ноябри 2022  сол.. Routledge, ISBN 978-1317321279

Адабиёт

вироиш
  • Шоҳии юнонии Бохтар // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Ғафуров Б. Г., Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, китоби аввал. Д., 1983;
  • История таджикского народа, т. 1, М., 1983.