Портал:Ислом/Мақолаи барҷаста
Моҳи Рамазон (аз арабӣ: رمضان) моҳи нӯҳуми Мусулмонон мебошад. Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Ва баъди Азонро шунидан рӯзаҳояшонро мекушоянд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад:
- Дурӯғ гуфтан
- Қасами дурӯғ хӯрдан
- Ғайбат кардан
- Таъна задан
- Бахилӣ кардан
Рамазон дар луғат ба маънои сӯзонанда омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад ва дар ин бора расули Худо мефармояд:
- Рамазон гуноҳҳоро месӯзонад ҳамчунон, ки оҳангар оҳанро месӯзонад ва ҳама чизҳои нодаркории ӯ месӯзад, ва рамазон ҳам гуноҳҳои шахси рӯзадорро месӯзонад ва пок месозад.
Дар ин ҷо як чизро тазаккур созанд,ки ин маънои онро надорад, ки шахси бе парво ёздаҳ моҳ гуноҳ ба ҷо оварад ба умеди он, ки дар рамазон худро аз гуноҳ пок месозад, балки рамазонон гуноҳҳоеро месӯзонад, ки шахси мусалмон надониста ва аз рӯи хато кардааст. бештар...