Портал:Таърих/Мақолаи барҷаста
Исёни Муқаннаъ - (776-780/783) - Ҳошим ибни Ҳаким - Муқаннаъ дар деҳаи Козаи наздикии ш. Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии ӯ Ҳошим ибни Ҳаким ва Муқаннаъ бошад, лақаби ўст. Худи калимаи "Муқаннаъ" арабӣ буда, маъниаш "чодарпўш" ва ё "ниқобдор" аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вақт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар "шӯриши сафедҷомагон" мегӯянд. Ӯ дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳангро, иҷро мекард. (бештар...)