Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Тағйири масир аз Прокуратураи генералӣ)

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақоми ягонаи марказонидашуда, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои яксони қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад. Вазифаи мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ иборат аст.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
пешина Прокуратураи давлатии ҶМШС Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Вебгоҳ prokuratura.tj

Таъсис

вироиш

Бо Қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 14 декабри 1924 Комиссариати халқии адлия ва Прокуратураи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъди ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон Прокуратураи ҷумҳурӣ, прокуратураҳои ВМКБ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таъсис дода шуданд. Бо Қарори Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Шӯрои комиссарони халқи ИҶШС прокуратура ҳамчун мақомоти мустақил аз ҳайати Комиссариати халқии адлия ҷудо карда шуд ва Прокуратураи ИҶШС роҳбарии фаъолияти прокуратураҳои ҷумҳуриҳоро ба зимма гирифт. Дар сохтори прокуратураи ИҶШС Сарпрокурори ҳарбӣ ва Сарпрокурори нақлиёти роҳи оҳан таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин чанд соли дигар кормандони прокуратураҳои ҷумҳуриҳо тобеи ҳам Прокуратураи ИҶШС ва ҳам Комиссариати халқии адлияи ҷумҳуриҳо буданд. 20 июни 1936 бо Қарори КИМ ва ШКХ ИҶШС прокурорҳои ҳамаи ҷумҳуриҳо аз ҳайати Комиссариати халқии адлия бароварда шуда, тобеи Прокурори ИҶШС гардонида шуданд.

Вазифаҳои прокуратура

вироиш

Тибқи Қонун «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вазифаҳои мақомоти прокуратура таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи истиқлол ва ҳуқуқи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, статуси ҳуқуқии Шӯроҳои маҳалии депутатҳои халқ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Самтҳои асосии фаъолият

вироиш

Айни ҳол самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборат аст[1]:

  • назорати риояи иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият мансубият ва шакли моликиятҳои онҳо, аз тарафи шахсони мансабдорӣ онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ  будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;
  • назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;
  • ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;
  • назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;
  • назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти салоҳиятнок;
  • тафтишоти ҷиноятҳо;
  • таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зиддӣ коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;
  • иштирок дар бррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;
  • эътироз овардан нисбати ҳалнома, ҳукм, таъйинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд.

Прокуратура мувофиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд. 

Мақомоти прокуратура дар иҷрои вазифаҳои мазкур мустақил буда, фаъолияти худро бевосита ва аз номи давлат амалӣ мегардонад. Барои татбиқи нишондодҳои қонун аз ходимони мақомоти прокуратура ихтисосмандӣ, заковат ва донишмандӣ, қавииродагӣ ва адолатмандӣ талаб карда мешавад[1].

Сарварони прокуратура

вироиш

То даврони Истиқлоли давлатӣ сарварии Прокуратураро ба уҳда доштанд: Ҳоҷиёров С. Н. (1931–33), Имомов Ч. И. (1933), Розенберг А. Я. (1933–34), Лебедев П. А. (1934–35), Илйин И. В. (1935–38), Романов А. Я. (1938–48), Жогин Н. В. (1948– 58), Ҳусейнов Ҳ. (1958–61), Буларгин В. А. (1961–73), Шелочинин А. А. (1973–82), Шербаков Ю. Н. (1982–86), Михайлин Г. С. (1986–90).

Тибқи талаботи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси Миллӣ ва Президент масъул буда (моддаи 94), ба муҳлати 5 сол таъйин мешавад, прокурорҳои тобеи худро таъйин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст (моддаи 95). Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 604 аз 14 марти 1992 нахустин бор Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Н. Ҳувайдуллоев) таъйин шуд. Минбаъд Прокуратураро сарварӣ кардаанд: Солеҳов М. С. (1992–95), Азимов А. Н. (1995–96), Шаропов С. Ш. (1996–2000), Бобохонов Б. К. (2000–2010). Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Салимзода Ш. О. (2010–2015), Ю. Раҳмон (аз январи 2015).

  1. 1.0 1.1 Таърихи таъсисёбӣ ва рушди Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.), Генеральная прокуратура Республики Таджикистан. Проверено 4 Январ 2018.

Сарчашма

вироиш