Пётр Дми́триевич Гру́шин (2 [15] январ 1906, Волск, Saratov Governorate[d]29 ноябр 1993, Химки, Вилояти Маскав) — олими шӯравӣ, тарроҳи техникаи ҳавонавардӣ ва мушакҳо, академики АИ ИҶШС (1966). Ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958, 1981).

Пётр Грушин
Таърихи таваллуд 2 (15) январ 1906
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 ноябр 1993(1993-11-29) (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ rocket science[d] ва Q97663221?
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» медали «Ветерани меҳнат»
Мукофоти ленинӣ Ҷоизаи давлатии СССР

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти ҳавонавардии Маскав (1932). Солҳои 1934—1940 сардори Бюрои конструктории Институти ҳавонавардии Маскав, роҳбари лоиҳаи ихтирои тайёраҳои ҷангӣ буд. Баъдан дар саноати ҳавонавардӣ фаъолият кардааст. Дар давраи ҶБВ (1941-45) муовини С. А. Лавочкин ва сарвари истеҳсоли тайёраҳои қиркунандаи Ла-5 ва Ла-7, солҳои 1949—1951 аввал декани факултаи тайёрасозӣ ва баъдан ноиби ректори Институти ҳавонавардии Маскав буд. Бо роҳбарии Пётр Грушин 14 намуди мушакҳои идорашавандаи зенитӣ барои неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ‒ мушакҳои С-300, «Тор» ва зиддимушакҳои таҷрибавии низоми «А» сохта шуданд. Аз соли 1991 мушовири Бюрои конструктории «Факел» буд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1963) ва Мукофоти давлатӣ ИҶШС (1963).

Адабиёт

вироиш