Пӯлод Абдуллоев
Пӯлод Абдуллоев (Абдуллоев Пӯлод Абдуллоевич; 1906, қишлоқи Кӯлканд, ноҳияи Исфара – 1983, ҳамон ҷо) — ходими давлатӣ.
Таваллуд | 1906 |
---|---|
Даргузашт | 1983 |
Ном ҳангоми таваллуд | Абдуллоев Пӯлод Абдуллоевич |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишАз оилаи деҳқон. Фаъолияти кориаш аз 12-солагӣ шурӯъ шуд. Соли 1924 ба сафи комсомол дохил шуда, курсҳои мактаби партиявию советӣ ва педагогии Самарқанд (1925 – 26), Университети коммунистии Осиёи Миёна (1932), курсҳои олии сохтмони советии назди КИМ-и СССР (1937), Мактаби олии ташкилотчиёни партиявии назди КМ ВКП (б) (1942 – 43)-ро хатм кардааст. Солҳои 1927 – 28 котиби Комитети комсомолӣ, 1928 – 31 раиси комиҷроияи ноҳияи Исфара, 1933 – 36 ҷонишин, баъд раиси комиҷроияи ноҳияи Ҷиликӯл, соли 1938 котиби Комиҷроияи шаҳри Душанбе, баъд парторги КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1938 – 40 раиси Суди олии республика, 1940 – 43 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1943 – 61 вазири назорати давлатии республика ва ҷонишини раиси Комиссияи назорати советии Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон Аз соли 1961 нафақагири шахсӣ.
Мукофоту орденҳо
вироишБо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, 4 ордени «Нишонаи Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Хотира
вироишДар зодгоҳаш нимпайкара ва кӯчаеро ба ёдбуди Абдуллоев гузоштаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.