Пӯлод Маҳкам
Пӯлод Маҳкам — нависанда. Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аълочии маорифи Тоҷикистон
Пӯлод Маҳкамов | |
Таърихи таваллуд: | 29 май 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ: | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Жанр: | ҳикоя |
Забони осор: | забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ |
Зиндагинома
вироишПӯлод Маҳкам 29 майи соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби 8-солаи ба номи И.В.Сталин, миёнаро дар мактаби миёнаи «20-солагии Тоҷикистон» ва мактаби шабонаи коргарҷавонони шаҳр фаро гирифтааст. Соли 1958 вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров шуда, соли 1963 ба итмом расондааст. Фаъолияти меҳнатиро аз синни 15-солагӣ сар карда, пас аз хатми донишкада дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ китобдор, дар мактаби 8-солаи №25 ноҳияи Хуҷанд омӯзгор будааст. Солҳои зиёде ба ҳайси мудири кабинети забон ва адабиёти Институти такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят, директори Хона-музейи Муҳиддин Аминзода фаъолият доштааст. Солҳои 2002-2005 мушовири шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.
Эҷодиёт
вироишНависандае маҳкамбаён буда, дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омӯхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рӯзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғ. ифшогари муаммоҳои печидаи рӯзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷӯйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Қиссаҳои «Савдои умр» ва «Марги беҳангом» аз рӯзгори ҷавонон ҳикоят карда, онҳоро дар набарди рӯзгор ва талоши ҳақиқату худогоҳӣ таҷассум намудаанд. Ҳикояҳои «Косаи сафол», «Дӯстам Рӯзиев», «Маҳфуза» ва ғ. ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Пӯлод Маҳкам(тоҷ.). navisandagan.tj. 18 июни 2019 санҷида шуд.