Пӯлод Қурбонов (07.04.1932, ноҳияи Рӯдакӣ — 1.12.2002, ш. Душанбе) — забоншиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1975), дотсент (1992).

Пӯлод Қурбонов
Пӯлод Қурбонов
Таърихи таваллуд 7 апрел 1932(1932-04-07)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1 декабр 2002(2002-12-01) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998)

Зиндагинома вироиш

Соли 1952 факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1952—1954 муаллими кафедраи забони тоҷикии донишкадаи номбурда, 1954—1957 ходими илмии бахши забони тоҷикии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии ҶШС Тоҷикистон, 1957—1960 аспиранти кафедраи забони тоҷикии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1960—1987 муаллим, муаллими калон, 1987—1988 мудири кафедраи забони тоҷикӣ, 1989—2002 дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Ҳамзамон солҳои 1991—1995 ҳамчун аъзои Комиссияи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни забон фаъолият дошт. Оид ба баёния дар забони адабии ҳозираи тоҷик кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш масъалаҳои синтаксиси забони тоҷикиро дар бар гирифтаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Осор вироиш

  • Дар бораи тарбияи ягонаи мактабии босаводнависӣ, Д., 1957;
  • Программаи забони адабии ҳозираи тоҷик (барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш