Радиоинтерферометр
Радиоинтерферометр (аз радио… ва интерферометр) — афзорест барои мушоҳидаи астрономӣ; аз ду антеннае иборат мебошад, ки дар масофаи Д (база) ҷойгир шуда, байни худ бо хати алоқаи кабели, мавҷбар ё хати алоқаи ретранслятсионӣ алоқаманд аст.
Сигналҳоеро, ки антеннаҳо қабул мекунанд, бо хати алоқа ба воридаи афзори қабулкунаки умумӣ дода, таҳлил ва сабт менамоянд. Радиоинтерферометр барот дарёфти координатаҳои манбаъҳои радиоафканишот, омӯхтани табиат ва дар фазо тақсимшавии радиоафканишот, ҳамчунин барои муайян кардани паҳноиши радиомавҷҳо истифода мешавад. Аз Радиоинтерферометр барои назорати ҳаракати радифони маснӯи Замин, ракетаҳои байниқитъавию стансияҳои автоматик байнисайёравӣ низ истифода мебавднд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Томпсон Р., Моран Дж., Свенсон Дж. Интерферометрия и синтез в радиоастрономии / Под ред. Л. И. Матвеенко. — М.: Мир, 1989. — 568 с. — 1 220 экз. — ISBN 5-03-001054-8, ББК 22.64.
Пайвандҳо
вироиш- Радиоинтерферометр // Астронет.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.