Радиофизика
Радиофи́зика — як фасли физика аст, ки асосҳои физикии радиотехника ва соҳаҳои ба он муштараки техникаро меомӯзад.
Радиофизика ба тадқиқоти равандҳое, ки бо лаппишҳои электромагнитӣ ва диапазони радиомавҷӣ алоқаманданд (масалан, ангезиш, паҳноиш, қабул кардан ва табдил додани басомади онҳо, ҳамчунии ҳодисоте, ки аз таъсири мутақобили пайдоиҳои электриву магнитӣ бо зарядҳои дар вакууму модда вуҷуддошта ба амал меоянд), машғуласт.
Усулҳои кори радиофизикаро дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника — радиоастрономия, радиоспектроскопия, электроникаи квантӣ, геофизика ва ғайра васеъ истифода мебаранд
Нигаред низ
вироишСарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.