Рамазон Абдулатифов

Рамазон Ҳоҷимуродович Абдулатифов (зод. 4 август 1946, Gebguda[d], ҶМШС Доғистон[d][1]) — ходими давлатӣ,олим, доктори илми фалсафа (1985), профессор (1987). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2009). Собиқ сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2009).

Рамазон Абдулатифов
Рамазан Гаджимурадович Абдулатипов
сафир
Таваллуд 4 август 1946(1946-08-04) (78 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои фалсафа[d]
Фаъолият сиёсат[2] ва фалсафа[2]
Эътиқод суннӣ
Соядаст
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Президенти Ҷумҳурии Доғистон аз 8 сентябр то 31 декабри 2013 (муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Доғистон аз 28 январ то 8 сентябри 2013). Раҳбари Ҷумҳурии Доғистон аз 1 январи 2014 то 3 октябри 2017.


Зиндагинома

вироиш

Рамазон Абдулатифов Донишгоҳи давлатии Доғистонро ба поён расондааст (1975). Муаллим, мудири кафедраи фалсафаи Омӯзишгоҳи олии муҳандисии баҳрии Мурманск (1978—1987). Мудири кафедраи фалсафаи Институти омӯзгории Доғистон (1987—1988). Мушовир, мудири бахши таҳлил ва пешгӯии Шуъбаи сиёсати миллии КМ ҲКИШ (1988—1990). Намояндаи мардумии РСФСР (1990), Раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии РСФСР-ФР (1990—1993). Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ФР оид ба корҳои федератсия ва миллатҳо, муовини аввали вазири ФР оид ба корҳои миллатҳо ва сиёсати минтақавӣ (1993—1994). Намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР, муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия (1994—1995). Намояндаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия (1995—1997). Муовини Раиси Ҳукумати ФР оид ба масъалаҳои миллӣ, масъалаҳои рушди Федератсия ва худидораи маҳаллӣ (1997—1998). Вазири сиёсати миллии Федератсияи Русия (1998—1999). Вазири ФР (1999—2000). Собиқ сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2009) Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунар (Москва) (2009- то имрӯз). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Дӯстӣ (Россия), медали «Ба хотираи 850-солагии Москва» сарфароз гардидааст. Арбоби шоистаи илми Федератсияи Россия (2001).

Адабиёт

вироиш
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.

Пайвандҳо

вироиш