Рақиб Абулҳаев
Рақиб Абулҳаев (тав 10 феврали 1938, деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ) — таърихнигор, доктори илми таърих (1993), профессор (1999), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1999).
Рақиб Абулҳаев | |
| |
Таърихи таваллуд | 10 феврал 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Урметан ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | «Ходими илм ва техникаи Тоҷикистон» (1999) Аълочии маорифи Тоҷикистон (2008), медали "10 лет РТСУ" |
Зиндагинома
вироишРақиб Абулҳаев 10 феврали соли 1938 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ-и вилояти Ленинобод (вилояти Суғд) ба дунё омадааст.
- 1952-1956 – таҳсил дар омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент,
- 1956-1961 - донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
- 1960-1963 – лаборанти калони шуъбаи таърихи ҷомеаи шӯравии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1963-1965 - коромӯзи Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои ИҶШС,
- 1965-1966 – ходими хурди илмии шуъбаи таърихи ҷомеаи шӯравии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1966-1969 - аспиранти Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1969-1971 - ходими хурди илмии шуъбаи таърихи ҷомеаи шӯравии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1970 - дифои рисолаи илмӣ, сазовори унвони номзади илмҳои таърих,
- 1971-1976 - ходими калони илмии шуъбаи таърихи ҷомеаи шӯравии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1976-1979 - дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ ва иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода,
- 1979 - 1988 - ходими калони илмии шуъбаи таърихи ҷомеаи шӯравии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон,
- 1988 - 1998 - мудири шуъбаи таърихи навтарини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ,
- 1992 - рисолаи докториро доир ба мавзӯи русӣ: "Исторический опыт ирригационного строительства и освоение новых земель в Таджикистане (1946 - 1985 гг.)" дифоъ кардааст,
- 1998 - 1999 - дотсенти кафедра дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,
- 1999 - 2001 - профессори кафедра дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,
- 2002 - 2008 - мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон,
- 2008 - то имрӯз - профессори кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ҳамчунин ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ.
Фаъолияти илмӣ
вироишРақиб Абулҳаев фаъолияти илмиро аз соли 1961 дар шуъбаи таърихи ҷомеаи шӯравии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кардааст. Муаллифи беш аз 250 корҳои илмӣ ва илмӣ - оммавист. Осори таърихие чун "Барқароркунии Ҳокимияти шӯъравӣ дар минтақаҳои болооби Зарафшон", "Эҳёи мадании Тоҷикистон", "Субҳи Зарафшон", "Обёрикунӣ ва истифодаи заминҳои Тоҷикистон", "Таҷрибаи таърихии сохтмони ирригасионӣ ва истифодаи заминҳои нав дар Тоҷикистон" ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар солҳои минбаъда олим оид ба масъалаҳои таърихи муҳоҷирати аҳолӣ дар Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ гузаронида дар силсилаи китобҳо зери унвони "Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон" (солҳои 2003, 2005, 2008, 2012,2017) аз чоп баромадааст. Таълифоти муҳақик Рақиб Абулҳаев инчунин дар китобҳои "Вопросы новейшей истории Таджикистана". Қисми 1, - Душанбе, 2015, Қисми 2, - Душанбе, 2016, "Ирано - таджикское сотрудничество в конце ХХ – начале ХХI вв." — Душанбе, 2017 нашр шудаанд.
Осор
вироиш- русӣ: Упрочение Советской власти в районах верховья Зерафшана (1918-1923 гг.) /Ред. К. П. Марсаков; АН Тадж ССР Институт истории им. А. Дониша. — Душанбе:Дониш,1972. - 155с.,
- Муаллифи чанде аз мақолаҳои энсиклопедияи "Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр". — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик. 1987. - 864 с.,
- Субҳи Зарафшон ["Утро Зерафшана"]. — Душанбе:Ирфон,1981. - 56с.,
- русӣ: Нусратулло Махсум. Речи, доклады, статьи и материалы о его жизнедеятельности /Сост.: Р.А. Абулхаев, Н. Б. Хотамов, X. М, Мухаббатов. — Душанбе:Дониш,2000.-228с.
- Ҳалли масъалаи фирориён. — Душанбе,2001.,
- Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1941). — Душанбе:Ирфон,2003. - Қисми 1. - 268с.,
- Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (соли 1946 - 1960). Қисми дуввум. — Душанбе:Из-во РТСУ,2005. - 250с.,
- Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (соли 1961 - 2000). Қисми севвум. — Душанбе:Из-во РТСУ,2008. - 335с.,
- Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (1917-2000). — Душанбе, 2012. – 492 с.,
- Эътибори марди нангу ном (Саргузашт). – Душанбе, 2013 (ҳамуаллиф Ховари Абулҳай),
- русӣ: Вопросы новейшей истории Таджикистана. Қисми 1. — Душанбе, 2015. – 344 с., (ба заб. тоҷикӣ ва русӣ),
- русӣ: Вопросы новейшей истории Таджикистана. Қисми 2. — Душанбе, 2016. – 384 с., (ба заб. тоҷикӣ ва русӣ),
- русӣ: Из истории трудовой миграции Таджикистана в конце ХХ – начале ХХI вв. — Душанбе, 2017 (ба заб. тоҷикӣ ва русӣ).,
- русӣ: Ирано - таджикское сотрудничество в конце ХХ – начале ХХI вв. — Душанбе, 2017.
Мукофот ва ҷойизаҳо
вироиш- 1999 — унвони фахрии «Ходими илм ва техникаи Тоҷикистон».
- 2006 – медали "10 лет РТСУ" мукофотонида шудааст.
- 2008 — нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008).
Адабиёт доир ба Рақиб Абулҳаев
вироиш- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С. Имомов. - Душанбе, 2011
- Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Состав кафедры. Абулхаев Ракиб Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2016 сол.