Раҳдавак
Раҳдавак, роҳдавак, айкнас, барсиёндору, батбот, парсиёндору, персиёндору, садпайванд, садпайвандак (лот. Polýgonum aviculáre) — гиёҳи яксолаи доруиест аз оилаи торониҳо.
Раҳдавак | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Polygonum.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Polygonum aviculare L. | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
вироишПояаш одатан дар рӯи замин мехобад (дарозиаш то 60 см), баргаш нештаршакл ё гирдаи дарозрӯя, белча ё забончашакл ва ғайра мешавад. Гулаш майдаи сабзтоб, канораш сафедча 6 гулобӣ, 1— 5-тоӣ дар қадди шохчаҳо баробар ҷойгир аст. «Чормағзак»-аш сеқирраи сиёҳтоби холдор (вазни 1000 донааш 1,3—1,4 г). Давраи гулшукуфту мевабандиаш тӯлонист (май-ноябр). Раҳдавак дар бисёр кишварҳо (Амрико, Африқо, Устуролиё, Авруосиё) маъмул аст. Раҳдавак дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон (аз доманакӯҳ то баландкӯҳ) мерӯяд. Дар канори роҳ, замини бекорхобида, боғу саҳро ва чун алафи бегона дар киштзор месабзад.
Хосияти шифоӣ
вироишРаҳдавак гиёҳи қадимаи доруист. Табибони атиқа Буқрот ва Ҷолинус раҳдавакро чун давои хунбанд истифода бурдаанд. Дисқуридус (Диоскорид) раҳдавакро давои усрулбавл хондааст. Давоии раҳдавакро ҳакимони бузурги Шарқ Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва Абуалии Сино низ қайд кардаанд. Бӯалӣ шираи раҳдавакро барои рафъи хунпартоӣ тавсия медод. Бо он захми рӯдаро низ даво мекард.
Аз раҳдавак марҳаме тайёр карда ба омос мебаст. Раҳдавак дар тибби халқӣ низ хеле маъмул шудааст. Дар тибби халқии РАСС Коми ва Ёқутистон ҷӯшоби баргу пояи раҳдавакро барои табобати илтиҳоби шуш, санги гурда, газаки меъда тавсия медиҳанд. Дар Бело¬руссия бо ҷӯшоби он иллати ҷигар, меъда, буғумдард ва бавосирро муолиҷа мекунанд, баргу пояи раҳдавакро дар шир ҷӯшонда обашро аз рагкашӣ менӯшанд. Ақидаи илмие низ даст, ки санги гурдаро ба peг табдил дода, бо пешоб меронад. Ба ин мақсад аз ҳаҷми баробари баргу пояи раҳдавак барги ҷуворимакка, пӯсти ғилофаки лӯбиё, решаи алафи гунҷишк ва бар¬ги бусир омехтае тайёр мекунанд.
Ба болои 15 г чунин омехта 200 мл оби ҷӯш рехта муддате ором мегузоранд ва онро баъди софкорӣ дар давоми рӯз (ҳар дафъа 2 чумчагӣ) менӯшанд. Табибони халқии Оси¬ёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон раҳдавакро барои табобати касалиҳои безгак, узвҳои ҳозима (газак ва захми меъда), сил ва сулфакабутак исти-фода мебурданд. Аз баргу пояи тари раҳдавак бо равғани зард марҳаме тайёр карда ба қубо (лишай), омос ва дунбал мебанданд. Дар тибби муосир доруҳои обакӣ ва «авикуларен» — Avicularenum, ки аз раҳдавак тайёр мекунанд, давои дарди занҳост. Баргу пояи раҳдавак ҷузъи таркибии микстураи Здренко (воситаест барои ошкор сохтани саратон) мебошад.
Корбурдҳо
вироишРаҳдавак хӯроки хуби чорво аст. Хошоки онро, ки ба монанди лӯбиёиҳо ва хӯшадорҳо серғизост, гов, бузу гӯсфанд нағз мехӯранд. Баргу пояи раҳдавак 7 % оҳар, 14 % протеин, 12,2 % сафеда, 5,23 % равған, 7,2 % қанди ҳалшаванда, қариб 3 % моддаҳои даббоғӣ, 100—127 мг% витамини С, 13—40 мг% каротин, витамини К, гликозидҳои авикуларии, гиперозид, квертсетин ва ғайра дорад. Аз решаи раҳдавак ран¬ги кабуд ва зард мегирифтанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Горец птичий на сайте Плантариум Бойгонӣ шудааст 1 Декабри 2012 сол.
Адабиёт
вироиш- Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976.
Сарчашма
вироиш- Раҳдавак // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).