Раҳматшо Диловаров

Раҳматшо Диловаров (тав. 1.07.1939, ноҳияи Дарвоз), географи тоҷик, номзади илмҳои география (1984), дотсент (1991), узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Россия.

Раҳматшо Диловаров
Раҳматшо Диловаров
Таърихи таваллуд 1 июл 1939(1939-07-01) (85 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо

«Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991), медали

«Барои меҳнати шоён» (1970)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1962–1966 дар факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1966–1972 котиби якуми Комитети комсомол ва ассистенти кафедраи географияи иқтисодӣ, 1972–1975 аспиранти кафедраи географияи иқтисодӣ-иҷтимоии донишкадаи номбурда буд. Зиёда аз 50 сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба ҳайси лаборант, ассистент, котиби кумитаи комсомолӣ, муаллими калон, дотсент, муовини декан, мудири кафедра ва декани факултети география кор кардааст. Соли 1975 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкофакултети география таъсис дода шуд, ки аввалин декани он буд. Муддати қариб 20 сол факултети географияро сарварӣ намудааст. Бо ташабуси ӯ дар заминаи факултети география шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист, геоэкология ва туризм таъсис дода шудааст. Аз соли 2006 то ба имрӯз мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва технологияи соҳаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, 18 барномаи таълимӣ ва 5 монография мебошад. Шумораи зиёди мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои хориҷӣ (шаҳрҳои Москва, Алма- Ато, Бишкек, Тбилисӣ, Чебоксария) нашр шудааст. Дар конференсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Барои хидматҳояш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2002), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991), медали «Барои меҳнати шоён» (1970) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

  • Истифодаи оқилонаи замин, Д., 1991;
  • География сельского хозяйства Вахшской зоны, Д., 1994;
  • Горы как обект изучения экономической географии, Д., 1995;
  • Проблемы охраны и рационального использования природных ресурсов верхного течения реки Амудары, Д., 1999;
  • Тоҷикон аз нигоҳи геоэтнография, Д., 2002.

Пайвандҳо

вироиш