Раҳматҷон Охунов (6 январи 1945, деҳаи Унҷии ноҳияи Ғафуров) — кимиёдон, доктори илмҳои химия (1999), профессор (2001).

Раҳматҷон Охунов
Раҳматҷон Охунов
Таърихи таваллуд 6 январ 1945(1945-01-06) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Пажӯхишгоҳи химияи АИ ҶШС Тоҷикистон,Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров

Зиндагинома

вироиш

Раҳматҷон Охунов 6 январи соли 1945,деҳаи Унҷии ноҳияи Ғафуров) ба дунё омадааст. Факултаи табиатшиносии Институти омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1969). Омузгори мактаби миёнаи № 42-и н. Хуҷанд (1969), сарлаборанти лабораторияи химияи маводи тозаи фторидии Пажӯхишгоҳи химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶШС Тоҷикистон (1969-71), аспиранти пажуҳишгоҳи номбурда (1971-74), ходими хурди илмӣ (1975-80), ходими калони илмӣи лабораторияи химияи маводи тозаи фторидии Пажӯхишгоҳи химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1980-91), дотсент (1991-93), мудири кафедра (1993-99), дотсент (1999—2001), мудири кафедраи химияи умуми ва услуби таълими он дар ДДХ (аз с.2001). Сарвари сексияи химияи Академияи хурди илмӣ (аз с.1992). Барои тайёр кардани мутахассисони сохибунвони илмӣ саҳми арзанда дорад.

Осори илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, 6 шаходатномаи муаллифи ва дастурҳои илмӣю таълими аз фанни химияи ғайриорганики мебошад. Иштироккунандаи конфронсҳои умумииттифоки, конфронсҳои байналхалқи, минтакавию ҷумҳурияви (Душанбе, 1975; Новосибирск, 1981; Полевской, 1987; Череповетск, 1990; Гулистон, 2000; Душанбе, 1984, 1986, 2001, 2006; Хуҷанд, 2002;).

  • Синтез безводных фторидов никеля и кобальта.//Изв. АН СССР, 1983, т.9;
  • Химия фторидов марганца.// ВИНИТИ, 1984;
  • Химия фторидов кобальта.// ВИНИТИ, 1985.[1]