Раҳмонқул Зоиров
Раҳмонқул Зоиров (Зоиров Раҳмонқул Муродалиевич; тав. 27 декабри 1945, деҳаи Даҳнакиик, ноҳияи Илйич, ҳоло Хуросони вилояти Хатлон) — ходими давлатӣ, генерал-майори милитсия (1997), Корманди шоистаи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС (1983), Корманди Фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000).
Зоиров Раҳмонқул Муродалиевич | |
Таърихи таваллуд | 27 декабр 1945 |
Зодгоҳ | Илйич, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишХидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1964‒67).
Хатмкардаи мактаби махсуси милитсияи ИҶШС (1972)
Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар шаҳри Маскав (1976).
Фаъолияти корӣ
вироиш- Муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа(1976‒79)
- Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленин (ҳоло Рудакӣ; 1979‒82)
- Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (1982)
- Корманди фаврӣ (1982‒87)
- Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987‒91),
- Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991‒93),
- Сардори Раёсати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993‒2002),
- Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002‒07). Аз соли 2007 дар нафақа[1].
Ҷоизаҳо ва медалҳо
вироишБо ордени Шараф (1998) ва 14 медал сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |