Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода (16 сентябри 1971, Хуҷанд) — ходими давлатӣ. Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва VI. Раиси вилояти Суғд.
Таърихи таваллуд: | 16 сентябр 1971 (53 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2010 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси вилояти Суғд. |
Зиндагинома
вироишРаҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи химия-технологияи Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2010 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст. Аз рӯи ихтисоси муҳандис-технолог, иқтисодчӣ.
- Солҳои 1993—1994 — муҳандис-технологи сехи шишабарории заводи «Лаъл»;
- Солҳои 1994—1995 — муовини сардори заводи «Сангбурӣ»;
- Солҳои 1995—1998 — сардори идораи робитаҳои иқтисоди берунии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал»;
- Солҳои 1998—2000 — муовини директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал»;
- Солҳои 2000—2005 — директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Ленинободпромстройматериал»;
- Солҳои 2005—2007 — раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд;
- Солҳои 2007—2009 — директори генералии корхонаи воҳиди давлатии «Садаф»;
- Солҳои 2009—2011 — раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум);
- Солҳои 2011—2012 — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд;
- Солҳои 2012—2016 — раиси шаҳри Хуҷанд;
- Солҳои 28.03.2015 — 05.05.2016 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Мм МО ҶТ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;
- Солҳои 2016—2018 — раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 01-03 соли 2018 — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд;
- Аз 7 марти соли 2018 то инҷониб — Раиси вилояти Суғд мебошад.
- Аз 27 июли соли 2018, № 21 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.[1]
- Аз июли соли 2018 — 16 апрели соли 2020 — муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]
- Аз 17 апрели соли 2020 — Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI мебошад.[2]
Ҷоизаҳо
вироишБо Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2011, № 1133 ва дараҷаи 1 соли 2017, № 907 сарафароз гардонида шудааст.[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Роҳбарияти Маҷлиси миллии МО ҶТ(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум иштирок намуданд(тоҷ.). www. khovar.tj. 22 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2020.