Раҷабмоҳ Исмоиловна Қосимова (тав. 9 феврали 1953, ноҳияи Ховалинг) — сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ (2006).

Раҷабмоҳ Қосимова
Раҷабмоҳ Исмоиловна Қосимова
Таърихи таваллуд 9 феврал 1953(1953-02-09) (71 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ховалинг, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Соли 1980 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1985—1990 ҳукуқшиноси Кумитаи иҷрояи шаҳри Кӯлоб, 1990—1996 мутахассиси дараҷаи аввали Кумитаи занҳо ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996—2004 нотариуси давлатии Идораи нотариалии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 2004—2007 сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007—2008 ректори Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 то ба имрӯз мудир ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 8 асар ва зиёда аз 16 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Оид ба сиёсати ҳамоҳангсозии муносибатҳои миллӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ мебарад. Дар конференсияҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.

Осор вироиш

  • Межнациональные отношения в таджикском современном обществе, Д., 2003;
  • Некоторые вопросы развития национальных меньшинств в Республике Таджикистан, Д., 2004;
  • Проблемы развития этнических меньшинств в современном Таджикистане, Д., 2005;
  • Маҷмӯи лексияҳо аз фанни сиёсатшиносӣ (дастури таълимӣ барои донишҷӯён), Д., 2009;
  • Концептуальные основы межнациональных отношений в современном Таджикистане // Сборник научных трудов АН РТ, Д., 2004;
  • Политико- правовые основы развития национальных меньшинств в современном государстве // Наука и право, № 1, 2005;
  • Актуальные проблемы и перспективы национальных меньшинств в Республике Таджикистан // Тоҷикистон, № 1-3, Д., 2005;
  • Сиёсати ҳамоҳангсозии муносибатҳои миллӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон // Паёми донишгоҳи омӯзгори, № 2 (34), Д., 2009.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш