Ризо Баҳромзод
Ризо Баҳромзод (зод. 20 декабр 1991, Қалъача, вилояти Суғд) — физикдон, ахтаршинос ва донишманди тоҷик[1], номзади илмҳои физика ва математика (2023)[2].
| |
Таърихи таваллуд | 20 декабр 1991 (32 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва метаматика[d] (2023) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Владимир Галкин |
Вебгоҳ | istina.msu.ru/profile/rb… |
Зиндагинома
вироишРизои Баҳромзод 20 декбари соли 1991 дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст[3]. Солҳои 1998—2009 дар мактаби № 8-и ба номи М. Осимӣ таҳсил карда, дар солҳои 2009—2014 факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Корнома
вироишЛаборанти Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2013, таҳри роҳбарии Хурсанд Ибодинов), ходими хурди илмӣ (2014), и. в. мудири Маркази байналмиллалии таҳқиқоти ҳастаии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ (2018-2019) ва ходими пешбари илмии институти мазкур [4] (аз 2019), ҳамзамон муҳаррири пешбари Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (2019-2024). Солҳои 2019-2021 дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз фанни физика дарс гуфтааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишРизо Баҳромзод фориғуттаҳсили бахши аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав дар солҳои 2014—2018 буда[5], дар мавзӯи «Рушди усулҳои ҷудосозии селҳо аз γ-квантҳои энергияашон беҳад баланд аз рӯи маълумоти детекторҳои черенковии таҷҳизоти баландкӯҳӣ» рисолаи номзадӣ дар соли 2023 ҳимоя кардааст[6].
Дар самтҳои омӯзиши нурҳои кайҳонии баландэнергия, гамма ахтаршиносӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таърихи илм таҳқиқот анҷом медиҳад.
Фаъолияти илмӣ-оммавӣ
вироишРизо Баҳромзод ба тарғиб ва оммавигардонии илм машғул буда[7], дар шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио, расонаҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо доир ба қонунҳои табиат, дастовардҳои илми муосир ва равандҳои таҳқиқоти илмӣ мавод нашр мекунад.
Узви гурӯҳи корӣ ва ҳайати ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» буда[8], яке аз муаллифони китоби "Тафсири Низомномаи ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва талаботи он" мебошад[9].
Таълифот
вироишМуаллифи беш аз 10 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва иштирокдории семинару конфронсҳои байналмиллалӣ мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Таджикская наука и экономическое развитие. История мировой экономики. Выпуск #13(рус.). YOUR (2 апрели 2021). 24 Январ 2024 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Бахромзод Ризои. ИСТИНА.
- ↑ Из маленького таджикского села в большую науку в РФ: путь Ризо Бахромзода(рус.). Sputnik Таджикистан (4 июни 2018). 24 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ “Эксперимент Памир” и процесс подготовки научных кадров по изучению космических лучей высоких энергий – Физико-технический институт им. С.У.Умарова Академии наук Республики Таджикистан (ru-RU) (7 июли 2023). 5 марти 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2024.
- ↑ Ризои Бахромзод. lomonosov-msu.ru. Ломоносов. 24 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ҳимояи Ризои Бахромзод. vak.tj. КОА (2 феврали 2023). 24 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фазлиддин Асозода. Шаш ифтихори тоҷик. Лидерони замони истиқлол киҳоянд?. Pressa.tj (24 сентябри 2021). 24 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ "Илм - фурӯғи маърифат" - омили муҳимми таҳаввулоти зеҳнӣ. Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт", №1, саҳ. 4-5, 2022.
- ↑ Ф. Раҳимӣ, З.Ҳ. Раҳмонов, Г.И. Қоҳирова, А.С. Саидов, А.А. Солеҳзода, Ф. Шокир, А.М. Сафаров, Б. Бобозода, О. Маҷидов, Р. Баҳромзод, Х.Р. Раҳмонов. Тафсири Низомномаи ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва талаботи он. — Душанбе: Дониш. — С. 204.
- ↑ Go Viral Tajikistan и посольство США в Душанбе объявил имена победителей конкурса "Next30"(рус.). Посольство США в Таджикистане. U. S. Embassy Dushanbe (17 сентябри 2021). 24 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Аз набераи Эмомалӣ Раҳмон то мудири "Алиф Бонк": 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон кистанд? | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. asiaplustj.info. 5 марти 2024 санҷида шуд.