Ро́берт Бойл (англ. Robert Boyle; 25 январ 1627[1][2][3][…], Дижи Лисмор[d], Подшоҳии Ирланд[d][4][5]31 декабр 1691[3], Лондон, Подшоҳии Ингилистон[6]) — физикдон ва кимиёдони инглис.

Роберт Бойл
англ. Robert Boyle
Таърихи таваллуд 25 январ 1627(1627-01-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 31 декабр 1691(1691-12-31)[3] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ физик, кимиё ва фалсафа
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Robert Hooke[d][7]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст. Дар синни 12-солагӣ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Женева фиристода шуда, сипас, дар вақти саёҳат ба Итолиё ва Фаронса маълумоташро мукаммал кардааст. Баъди бозгашт ба Ирландия аз соли 1654 дар Оксфорд маскун мешавад ва ба омӯзиши физика ва кимиё машғул мегардад. Ӯ дар таъсиси Ҷамъияти илмҳо, ки соли 1668 ба Лондон кӯчонда шуд ва баъдтар бо номи «Ҷамъияти шоҳии Лондон» маъмул гардид, ширкат кардааст. Фаъолияти илмии Роберт Бойл ба асоснок кардани методи таҷрибавӣ дар соҳаҳои физика ва кимиё бахшида шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқот Роберт Бойл соли 1660 қонуни тағйирёбии ҳаҷми ҳаво аз тағйирёбии фишорро, ки бо номи қонуни Бойл-Мариотт машҳур аст, кашф кард. Мувофиқи он чандирияти газ ба ҳаҷми ишғолкардааш мутаносиб аст. Дар соҳаи магнетизм, физикаи молекулавӣ, оптика ва электрик, физикаи назариявӣ ва аэростатика таҳқиқот анҷом додааст. Роберт Бойл барометр ва асбоби махсусе сохт, ки тимсоли вакуумметр аст. Зичии моддаҳоро омӯхт, хосияти фосфор (зичӣ, бӯй, вазни хос, шуоъафканӣ ва ғ.)-ро пешгӯӣ кард. Бо ибораи Фридрих Энгелс «Бойл кимиёро илм кард».

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш