Роберт Бёрнс (англ. Robert Burns; 25 январ 1759[1][2][3][…], Alloway[d], Шотландия[6]21 июл 1796[3][4][5][…], Dumfries[d][7]) — шоири шотландӣ. Иштиёқманди осори адибони давраи атиқа, Вилям Шекспир ва диг. буд.

Роберт Бёрнс
англ. Robert Burns
Таърихи таваллуд: 25 январ 1759(1759-01-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 июл 1796(1796-07-21)[3][4][5][…] (37 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: таронасаро, шоир, нависанда, мусиқишинос, кишоварз
Жанр: байт, шеър[d], тарона, баллада ва Кантата
Забони осор: Scots[d][3] ва инглисӣ[3][8]
Имзо: имзо
robertburns.org(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз 15-солагӣ шеър менавишт. Достонҳои ҳаҷвии «Ду чӯпон» (1784), «Дуои авлиётарош Вилли» (1785), шеърҳои «Муши даштӣ», «Гули минои кӯҳӣ» Бёрнсро ҳамчун шоири озодандеш шуҳратманд намуданд. Мавзӯъ ва шакли асарҳои Бёрнс ба фолклор монандӣ доранд, аз ин рӯ ҳамчун сурудҳои мардумӣ пазируфта шудаанд. Бёрнс Инқилоби кабири Фаронсаро бо хушнудӣ пешвоз гирифт (шеъри «Нахли озодӣ» ва ғайра). Дар сурудҳои «Макферсон пеш аз қатл» (1788), шеъри маҷозии «Ҷон — донаи гандум» (1782), балладаи «Қашшоқии бошарафона» (1794) андешаҳои пешқадами маорифпарварӣ баён карда шудаанд. Бёрнс ба Эдинбург (1786) рафт, чунки дар он ҷо шуҳрат дошт, вале қарордодҳои асоратбор бо ноширон ӯро қонеъ накунонд ва ӯ дубора ба меҳнати кишоварзӣ баргашт. Аз с. 1791 дар бандари шаҳри Дамфрис (1791) нозири аксизӣ шуд ва то лаҳзаҳои охири ҳаёт он ҷо буд. Баъди даъват ҷиҳати таҳияи сурудҳои шотландӣ барои китоби «Осорхонаи мусиқии Шотландия» (1787—1803), ба ҷамъоварии маводди фолклор машғул гашт. Асари «Мунтахаботи оҳангҳои шотландӣ»-ро (1792) нашр кард. Дар ашъораш Бёрнс инсонро ҳамчун махлуқи беназир васф кардааст. Ба ашъори Бёрнс озодандешӣ, драматизми дохилӣ, салосати баёну содагии ифода хос аст. Шеърҳои Бёрнс ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд.

  • Избранное, М., 2001;
  • Баллады. Поэмы. Стихотворения. М., 2003.
  1. 1.0 1.1 различные авторы Энциклопедический словарь (рус.) / под ред. И. Е. Андреевский, К. К. Арсеньев, Ф. Ф. ПетрушевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1907.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.): a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. 4.0 4.1 Daiches D. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  5. 5.0 5.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  6. 6.0 6.1 https://data.carnegiehall.org/names/1008887/about (ингл.) — 2017.
  7. 7.0 7.1 Бёрнс Роберт // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  8. CONOR.Sl

Адабиёт

вироиш
  • Елистратова А. А. Р. Бёрнс. Критико-биографический очерк. М., 1957
  • Райт-Ковалёва Р. Я. Р. Бёрнс. 3 изд, М., 1965.

Сарчашма

вироиш